Ҳамраиси Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Михаил Швидкой дар саҳнаи амфитеатр дар боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ба раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло Сертификат дар бораи эътирофи шаҳри Кӯлоб ба сифати пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015-ро супурд.
Қабл аз ин муовини раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои кишварҳои узви ИДМ Конибек Юсуфбеков Паёми табрикотии раиси Кумитаи мазкур Сергей Лебедевро қироат намуда, ҳамин тариқ чорабиниҳои идона ба муносибати ин маросим ва ҷашни Наврӯз оғоз ва дар консерти бошукӯҳ ҳунармандони Хори давлатии халқии русии ба номи Массалитинови Воронеж, Ансамбли миллии «Фалак»-и Тоҷикистон таҳти раҳбарии Сурайё Қосимова ва дигар ҳунармандони шинохтаи Кӯлоб ва минтақа ширкат варзиданд.
Муовини раиси шаҳри Воронеж Надежда Савитская ва раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ҳамчун намояндагони бародаршаҳрҳо ба ҳозирин дар бораи рушди шаҳрҳояшон ва дурнамои хуби ҳамкориҳо ба туфайли таваҷҷуҳи ҳукуматҳои ҳарду кишвар маълумот доданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода меҳмонон ва ҳозиринро бо ин маросим ва ҳамчунин ҷашни Наврӯз табрику таҳният гуфта, ҳамтоёни русиягии худро ба ҳамкории бештар натанҳо дар соҳаи фарҳанг, балки дар бахши иқтисод низ даъват намуд.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста