Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мутмаин аст, ки зимни сафари Путин масъалаҳои мушаххаси ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ нашуд.

«Путин бо як ҳадаф ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сафар кард, то ки амалҳои Русия бо иттифоқчиёнаш дар минтақаро оид ба масоили муносибатҳои байнулмилалӣ ҳамоҳанг созад, зеро ахиран дар ин самт баъзе нофаҳмиҳо ба вуҷуд омаданд»,- гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, коршиноси масоили муносибатҳои Маскаву Душанбе бидуни ифшои ному насаб қайд кард, ки дар сафари Путин ба Тоҷикистон ду масъалаи мушкил дар муносибатҳои кишварҳо - узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва таъмини артиши Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти навтарини Русия ҳаллу фасл нашуд ва дар мавриди ин масъалаҳо шарикони стратегӣ алҳол ба ҳеҷ гунае тавофуқ ҳосил карда наметавонанд.

Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Нурулло Оқилов, боиси хушнудист, ки дар ин сафар сарони кишварҳо масъалҳои марбут ба рушди муносибатҳо дар соҳаи илму маорифро муфассал баррасӣ карданд.

«Аҳду паймонҳои Тоҷикистону Русия дар бораи густриши шабакаи мактабҳои русӣ дар ҷумҳурӣ ва таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ аз Русия дар паҳнои пасошӯравӣ бесобиқа буда, Душанбе ҳамеша ҷонибдори рушди фарҳанг ва маорифи намояндагони аққалиятҳои миллӣ аст ва Маскав моро дар ин масъала дастгирӣ кард», - гуфт вакил.

Сиёсатмадор ва журналисти маъруфи тоҷик, профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст, ки сафари навбатии Путин ба Душанбе гувоҳи он аст, ки Тоҷикистону Русия ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома медиҳанд.

«Ба гумонам, дирӯз Душанбе ва Маскав дар бораи ду масъала ба созиш расиданд, ки метавон онҳоро муҳим арзёбӣ кард, - мегӯяд Усмонов. - Инҳо масъалаи фароҳам овардани имтиёзҳо барои интиқоли сабзавоту меваи Тоҷикистон ба бозорҳои Русия ва масъалаи марбут ба будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия».

Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳанӯз ду сол пеш раҳбарияти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон дар бораи нияти бо сабзавоту мева «пур кардан»-и бозорҳои Русия изҳори назар карда, вале он замон Маскав ҳеҷ вокунише нишон надода буд ва акнун дар Душанбе Путин барои сабзавоту мева аз Тоҷикистон дарҳои Русияро боз намуд.

«Ғайр аз ин, Владимир Путин изҳори умедворӣ кард, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар масъалаи авфи шумори муайяни муҳоҷирони кории тоҷик, ки қаблан аз Русия хориҷ шуда буданд, аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд», - мегӯяд коршинос.

Усмонов чунин мешуморад, ки сафари Путин ба Душанбе бори дигар собит сохт, ки дар кори мубориза бо терроризм ва таҳдиду чолишҳо аз Афғонистон, шарики асосии Русия дар минтақа Тоҷикистон аст.