Ҷангиёни гурӯҳи фаъолияташ дар як қатор давлатҳо манъшудаи Давлати исломӣ (ДИ) ва ҳаракати Толибон барои сарнагун кардани ҳукумати амалкунандаи Кобул дарвоқеъ ҳам муттаҳид шуда метавонанд.
Коршиноси масоили сиёсӣ Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки созиши аъзои ҳаракати Толибон бо ҷангиёни Давлати исломӣ - зодагони Афғонистон имкон дошта, вале онҳо ҷангиёни ДИ аз давлатҳои арабӣ ва дигар кишварҳоро, ки афкори ваҳҳобиву салафияро тарғиб мекунанд, комилан қабул надоранд.
Ғайр аз ин, ба ақидаи ӯ, барои муттаҳид шудани ҳаракати Толибон ва Давлати исломӣ дар Афғонистон бозигарони “пасипардагӣ”-и ҷанги ин кишвар, ки асосиаш ИМА аст, нақши ҳалкунанда дошта метавонанд ва “агар ин иттиҳод ба нафъи Вашингтон бошад, он сурат мегирад”.
Сиёсатшинос хотиррасон намуд, ки нимаи солҳои 90-уми асри гузашта маҳз бо дастури ИМА Гулбиддин Ҳикматёр бидуни ҷанг аксари минтақаҳои Афғонистонро ба ихтиёри толибон гузошт.
“Он замон ба ҷуз пирӯзиҳои пурсарусадо, боз хеле зиёд аслиҳаи муосир, техника ва муҳимоти ҷангӣ дар ихтиёри ҳаракати Толибон қарор гирифта, чанде аз кишварҳои минтақа ба гуфтушунид бо онҳо омодагӣ изҳор намуданд”, - гуфт Нуралӣ Давлат.
Ёдрас мекунем, ки аввали ҳафтаи равон ҷангиёни гуруҳи Давлати исломӣ ва ҳаракати Толибон дар вилояти Сарипули Афғонистон наздик ба 50 нафарро куштанд.