Сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки изҳороти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, ки рӯзҳои наздик мансабро тарк мекунад, нисбати сарони дигар кишварҳо бемавриду номуносиб буда, барои сиёсатмадору шахси поквиҷдону дурусткор зебанда нестанд.
«Агар дар муносибатҳои ду давлдт мушкилот ҷой дошта бошад, онро на тариқи изҳорот дар ВАО, балки сари мизи гуфтушунид ҳал мебояд кард», - иброз дошт ӯ.
Президенти Қирғизистон рӯзи 20 ноябр зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир ними марзи Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст.
«Омода будем, ки 50 дарсади боқиро низ муайян кунем, вале танҳо як шарт доштем, ки нимаи дувуми марз низ бо усуле аломатгузорӣ шавад, ки қисми аввал шудааст. Ҳамин тавр ҳам мешуд, агар ба президенти Тоҷикистон маслиҳат намедоданд, ки марзи боқӣ бо усули дигар аломатгузорӣ шавад», - гуфт ӯ.
Қаблан аввали моҳи апрели соли гузашта собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор дошта буд, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирад.
«Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», - иброз дошта буд Отунбоева.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни гуфтушунидҳо бо Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар сарҳад Тоҷикистон санадҳои нимаи солҳои 20-уми асри гузашта қабулшударо асос медонад, вале Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 50-уми қарни гузашта қабулшуда такя мекунад.
Ба ақидаи ҷониби Тоҷикистон, санадҳои нимаи солҳои 50-уми асри гузашта қабулшуда ҳукми қонунӣ надоранд, зеро кишвари ҳамсоя онҳоро якҷониба қабул карда, дар он манфиатҳои Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин тез-тез иваз шудани ҳайати ҳукумати Қирғизистон низ ба ҷараёни гуфтушунид оид ба масоили сарҳад халал мерасонад.
Қобили зикр аст, ки дарозии марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр буда, то охири соли 2013 беш аз 500 километри он аломатгузорӣ шудааст . Дар марзи давлатии кишварҳо наздики 70 қитъаи баҳснок вуҷуд дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.