Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шариф Раҳимзода даъват мекунад, ки омӯзиши фанҳои гуманитарӣ дар кишвар каме маҳдуд шуда, ба илмҳои дақиқ ва техникӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир шавад.

“ Мо хеле саргарми фарҳанги худ мебошем, ки ба ин маънӣ дар навбати аввал адабиёту таърих фаҳмида мешавад. Сурудхонӣ карда, касеро, ки як-ду мисраъ шеър навишта тавонад, бузург мешуморем. Аммо замоне фаро расидааст, ки ҳар кадоме аз мо бояд ба рушди кишвар саҳм гузорем. Ба фанҳои дақиқ бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем”, - иброз дошт вакил зимни кори конфронси имрӯза дар Душанбе.

Шариф Раҳимзода қайд кард, ки як гурӯҳи муайяни одамоне ҳастанд, ки табиатан ба назму фалсафа майл доранд ва “бигзор ба он машғул бошанд”.

“Лекин мо бояд дар бораи ояндаи фарзандонамон андеша карда, онҳоро тарзе тарбияву ба воя расонем, ки оянда зиндагии шоистаи худро таъмин карда тавонанд. Мо бояд ба хубӣ сари андешае бошем, ки оянда миллати мо дар чӣ ҳолате қарор мегирад”, - таъкид дошт вакили парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз 70%-и рисолаҳои номзадӣ дар Тоҷикистон аз рӯи илмҳои гуманитарӣ ҳимоя мешаванд, аммо дар ҷаҳони муосир бояд баръакс бошад: ҳадди ақал 70%-ро бояд рисолаҳо аз рӯи илмҳои техникӣ ташкил диҳанд.

“Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҳар лаҳзае дар дунё технологияҳои нав ҷорӣ мешаванд, мо бояд омода бошем. Агар каме бепарвоӣ кунем, қафо монда, аз тамоилҳои умумиҷаҳонӣ фарсахҳо дур мемонем, ки ин барои кишвари мо хеле зиёновар аст. Мо бояд бештар ба масъалаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кунем, ки рушди иқтисоди мо ба он вобаста аст”, - мегӯяд вакили мардумӣ.

Раҳимзода бо такя ба таҷрибаи умумиҷаҳонӣ ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки айни замон дар дунё кишварҳое пешсафанд, ки замоне ба илмҳои дақиқ рӯ оварданд.

“Ман панҷ сол дар Аврупо зиндагӣ карда, бо зиёд одамоне вохӯрдам, ки ҳатто як-ду мисраъ шеъре намедонанд, лекин комёбу муваффақанд. Муқаддимаи суханронии мо дар ҳама гуна ҷорабинӣ бошад, аз шеър оғоз мегардад. Аврупоиҳо ба пеш рафта, мо хеле қафо мондаем”, - иброз дошт ӯ.

Раҳимзода мухолифи он нест, ки мардум шеъру асарҳои гузаштагони худро хонда, аз он ифтихор кунанд, лекин дар баробари ин, ба ақидаи ӯ, “тоҷикон фарзандони худро бояд ба омӯзиши фанҳои физика, кимиё, математика, биология ва дигар илмҳои табиӣ ташвиқу ҳидоят кунанд”.

Вакил зикр кард, ки аврупоиҳо дар мавриди ин масъала мақоли хубе доранд: “Муҳим нест, ки гузаштагони ту кистанд, муҳим оянда кӣ шудани фарзандонат аст” (Гирди номи падар чӣ мегардӣ, Падари хеш шав, агар мардӣ).

“Албатта, мо аз гузаштагони худ ифтихор дорем, лекин дар бораи ояндаи фарзандонамон низ бояд фикр кунем”, - афзуд вакил.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.