“Ба ҷойи онки аз ман, ки ба пойи худам омада будам, ташхис гиранд, духтурон бо шунидани номи коронавирус аз ман мегурехтанд. Касе ҳозир набуд, ки санҷад оё дар вуҷуди ман ин бемории хатарнок ҳаст ё не. Чун агар фарзи мисол ҷойи ман нафари дигари гирифтор ба ин беморӣ мебуд, бо ин вазъе, ки дар Тоҷикистон аст, метавонад чандин нафарро сироят кунад.”

Рӯзи 13-уми март бо гуруҳе аз ҳамкорон аз Амрико баргаштем. Аз хабарҳои зиёди марбут ба вируси нави корона нороҳат будам. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон, хостам аз ташхис гузарам, то бовар дошта бошам, ки ба ин беморӣ олуда нашудаам. Ҳолу аҳволам олӣ буд, ҳеч дардмандие надоштам, аммо ба иллати он ки чанд фурудгоҳи байнулмилалиро дар Олмону Туркияву Қазоқистон гузаштам, гуфтам, ба хотири ҳифз кардани ҳаёт ва саломатии дигарон бояд аз озмоиши коронавирусӣ гузарам. Дилам ором мешаваду виҷдонам пок.

Пеш аз пойин шудан аз ҳавопаймо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳарорати ҳамаи мо, мусофиронро, санҷиданд. Ҳанӯз дар даруни ҳавопаймо. Баъдаш нозирони гумрук низ суолҳое карданд, ки аз куҷо баргаштаам ва оё ба наздикӣ дар Чину Эрон будам ё не. Ба ҷуз аз санҷидани ҳарорат дигар касе аз мо ташхис барои коронавирус нагирифт ва дар ҷойе ҳам ба мо нагуфтанд, ки аз ташхис гузарем.

Пеш аз бозгашт ба Тоҷикистон масъулони Вазорати тандурустӣ ба ман посух дода буданд, ки афроди хоҳишманд дар шаҳри Душанбе метавонанд дар озмоишгоҳи референсӣ ё озмоишгоҳи вирусологӣ аз ташхиси коронавирус гузаранд. Аз рӯи ҳамин маслиҳати мақомот субҳи 14-уми март ба озмоишгоҳи референсӣ воқеъ дар дохили беморхонаи Қарияи Боло рафтам. Аз духтури навбатдор пурсидам, ки аз хориҷа баргаштаам ва мехоҳам аз ташхиси коронавирус гузарам.


Табиб худро каме қафо кашид ва ҳамкори дигарашро даъват кард. Пизишки дувум низ бо шунидани номи коронавирус худро аз ман дур гирифт ва гуфт намедонад, ки дар ин озмоишгоҳ ташхиси коронавирус мегузаронанд ё не. Баъде, ки исрор кардам, бо тавсияи Вазорати тандурустӣ омадаам, рафтанд ва ҳамкасби севумашонро оварданд. Табиби севвум як зани миёнасоли русзабон зоҳиран бо омодагии ҷиддӣ ва бо дастпӯшу даҳонбанд ба назди “мани бемор” омад.

Матлабамро ба ӯ низ арз кардам, вале дар посух гуфт, ки оё нишонаҳои коронавирус дар ман ҳаст ё не. Чун посухи рад шунид, гуфт, агар нишонаҳои бемории навро надорам, аз ман ташхис намегиранд. Ва ин табиб дар бораи нишонаҳои беморӣ ва роҳҳои пешгирӣ ба ман мегуфт, ки пеш аз ин борҳо аз Интернет дар бораи он хонда будам. Аммо нишонаҳои беморӣ метавонанд то 14 рӯз аз худ хабаре надиҳанд.

Хулоса, табибони Озмоишгоҳи референсӣ бо исрор аз қабули ташхис аз ман худдорӣ карданд ва тавсия доданд, ки ба Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷомеа, ки дуртар аз ин марказ воқеъ аст, муроҷиат кунам.


Ба онҷо рафтам, вале аз рӯи суроға ба "Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология” афтодам. Дар инҷо табибе низ бо шунидани номи коронавирус мисли барқзада як қад парид ва худро аз ман дур гирифт. Бо дағалӣ посух дод, ки зуд биноро тарк кунам, чун онҳо ташхиси коронавирус намегузаронанд. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки бароям кумак кунад, ки ба куҷо муроҷиат намоям. Табиб ба ман тавсия дод, ки боз ба Озмоишгоҳи миллӣ равам. Дубора пурсидам, ки он ҷойро наёфтам, бароям кумак кунед. “Аз инҷо баро, тарафи дасти чап як бинои зарди сеошёна”, - гуфту зуд рафт.

Дар озмоишгоҳ низ кори ман омад накард. Табиби навбатдор, як хонуми миёнсол, гуфт, ки дар инҷо ташхиси коронавирус намегиранд. Пас, куҷо бояд равам? Косаи сабри ман ҳаминҷо лабрез шуд, баҳс кардам ва ба дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ занг зада, дархост намудам, ки кумак кунанд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини масъули вазири тандурустӣ дар бахши мубориза бо коронавирус ба занги ман посух надод.


Баъди пойфишорӣ дар Озмоишгоҳи миллӣ табиб аз телефони худам ба Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тиббии профилактикӣ занг зад. Онҷо розӣ шуданд, ки аз ман ташхиси коронавирус гиранд. Вале баробари расидан ба ин маркази нав маълум шуд, ки ҷиҳози ташхиси вируси коронаро надоранд ва гуфтанд, ки бояд мунтазир шавам. Ниҳоят баъд аз фурсате ҷиҳозро оварданд ва аз ман ташхис гирифтанд. Гуфтанд аз натиҷааш то бегоҳ занг мезанем. Занг ҳам назаданд ва соати 19 худам барои фаҳмидани натиҷаи ташхис занг задам, гуфтанд тоза аст ва метавонам рӯзи душанбе омада, варақаи ташхисро бигирам.

Рӯзи душанбе барои гирифтани варақаи ташхис ба “Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ” рафтам. Дар озмоишгоҳи вирусологии ин муассиса касе дарро ба рӯи ман накушод. Хулоса, ин сарсонии дурӯзаи ман барои танҳо гузаштан аз ташхиси вируси корона буд.


Мақомот то ин вақт чораҳои зиёдеро барои пешгирӣ аз коронавирус андешиданд, вале ба ин паҳлӯи масъала камтар диққат додаанд, ки афроди баргашта аз хориҷ дар куҷо метавонанд аз ташхиси коронавирус гузаранд. То ин вақт шахсони аз Чин, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва Ҷопон ба Тоҷикистон меомада аз тарафи мақомот барои ду ҳафта ба карантин фаро гирифта мешаванд. Аммо тақдири онҳое, ки масалан аз дигар кишварҳои камтар ба вируси нав гирифторшуда омадаанд, чӣ мешавад, маълум нест. Онҳо бояд дар куҷо аз ташхис гузаранд?

Дар фурудгоҳҳо ё ҳадди ақал дар сомонаи Вазорати тандурустӣ ман чунин маълумотро наёфтам. Ҷустуҷӯгари ҷаҳонии Гугл посух дода наметавонад, ки “дар Тоҷикистон дар куҷо бояд аз ташхиси коронавирус гузашт?”

Таҷрибаи кишварҳои ҳамсояи мо нишон медиҳад, ки танҳо ба афроди аз панҷ кишвари аслии сироятёфта тамаркуз кардан дуруст нест. Чун масалан дар Узбекистон дар бадани онҳое вируси нав пайдо шуд, ки на аз Чину Эрон ё Италияву Ҷопон, балки аз Фаронса омада буданд. Ман он ҷо набудам, вале дар Олмон будам. Ба гумонам, мо асосан ба онҳое тамаркуз дорем, ки нишонаҳои ошкорои вирусро доранд, онҳое, ки надоранд оё бехатаранд? Кош...