Собиқ раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон мегӯяд, таҷрибаи мусбати мубориза бо коронавирус дар Чину Беларус ва Ӯзбекистон афзалияти самаранокии кори муассисаҳоеро нишон дод, ки ба аҳолӣ бепул ёрӣ мерасонанд.

“Тиҷорат дар соҳаи тиб норавост, зеро дар ҳолати пайдо шудани чунин таҳдидҳое ба мисли CОVID-19, нобаробарии иҷтимоӣ ба фалокати глобалии инсоният боис шуда метавонад, чунки на ҳама ба пардохти хизматрасониҳои тиббӣ имкон доранд”, - гуфт дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов.

Ба ақидаи номбурда, дар кишварҳое, ки дар онҳо то ҳол хизматрасонии тиббии бепул боқӣ мондааст, ба ҳама гуна хатарҳои муосир, аз ҷумла пандемияи CОVID-19 муқовимат карда метавонанд.

Сиёсатмадор ҳамчунин дар бораи муносибати кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар мавриди коронавирус изҳори назар кард.

“Иддаои ИМА нисбат ба Чин оид ба масъалаи паҳншавии CОVID-19 дар саросари дунё беасос аст, зеро дар Чин бо аҳолии қариб 1,5 млрд нафар наметавонистанд, ки аз оқибатҳои пандемия бехабар бошанд. Дар даъвоҳои Вашингтон ба Пекин таҳдидҳои молиявӣ ба назар мерасанд”, - афзуд сиёсатмадор.

Ба қавли Шабдолов, пас аз анҷоми пандемияи CОVID-19 иқтисоди ҷаҳон мутобиқи қоидаҳои адолати иҷтимоӣ кор хоҳад кард.

“Дар ин вақт ИМА аз қарздеҳ (кредитор)-и иқтисоди ҷаҳон ба қарзгир (дебитор) табдил меёбад, даъвоҳои Вашигтон ба Пекин сари ҳамин масъала аст”, - мегӯяд ӯ.

Шабдолов мутмаин аст, ки қоидаи ба истилоҳ адолати иҷтимоӣ ба он оварда мерасонанд, ки доллари ИМА дигар асъори ҷаҳонӣ нашуда, ба ивази он евро, рубли русӣ ва юани Чин меоянд.

“Пандемияи CОVID-19 ба саросари дунё самаранокии тибби “таърифшуда”-и ИМА ва долларро нишон дод”, - афзуд сиёсатмадор.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.