Паёми ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, 14-уми майи соли 2020.
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.
Худованди ному Худованди ҷой,
Худованди рӯзидеҳу раҳнамой.
Дар гоҳшумори Эрон рӯзи 25-и урдибиҳишт (14-уми май) ба номи Рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст. Ин муносибати фархундаро гиромӣ медорем ва ба тамоми алоқамандони ин ҳамосасарои бузурги эронӣ ва пири фарзонаи Тӯс, бавежа ҳамватанони эронӣ ва мардуми ҳамфарҳангу ҳамзабони тоҷик табрик мегӯям.
Бақо ва давоми забони порсӣ вомдори талошҳои арзандаи Фирдавсии бузург аст. Талоши вай дар ҳофизаи таърих нигориш шуда ва мероси Фирдавсӣ то ҳамеша мондагор хоҳад буд, чаро ки ба гуфтаи ӯ:
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Таъсири Фирдавсӣ бар адибону шоирони дигар шигарф аст. Ба ростӣ метавон гуфт, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ илҳомбахши бисёре аз осори ҳамосӣ дар адаби форсӣ будааст. Агар хуб ба жарфои “Шоҳнома” бингарем, мебинем, хирад ҷонмояи ин китоби арзишманд аст.
Чӣ хуш гуфта шоири ширинсухани тоҷик, бону Гулрухсор:
“Шоҳнома” сухан аст,
“Шоҳнома” хирад аст,
“Шоҳнома” адаб аст,
Адабе, к-аз самари сабзи дарахташ
Ҷовидон баҳра бигирем.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста