Сиёсатмадори маъруфи тоҷик, раҳбари собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ва сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов дар бораи интизориҳояшон аз паёми имсолаи президент ба парлумон ба “Азия-Плюс” изҳори назар карданд.

Ёдрас мекунем, ки бар хлофи анъанаи роиҷбуда аз соли 2015, ки моҳи декабр Эмомалӣ Раҳмон паёмашро ба парлумон ироа мекард, имсол ӯ моҳи январ ба парлумон муроҷиат мекунад.

Шабдолов мутмаин аст, ки сахтгирии беҳад нисбат ба мухолифони худ, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи чандин соли ахир, аз ин таҷриба истифода мекунад, ҳеҷ чизи хуберо ба бор намеорад.

“Сахтгирии беҳад аз ҷониби ҳама гуна ҳукумат ифротгароӣ ва терроризмро ба вуҷуд меорад”, - изҳор дошт ӯ.

Сиёсатмадор қайд кард, ки пайдо шудани созмону гурӯҳҳое дар ҷаҳон ба мисли “Толибон”, “ДОИШ”, “Ваҳҳобия”, Салафия ва ғайра аз як лиҳоз натиҷаи ин ё он гуна зоҳир шудани ҳамин сахтгириии беҳад нисбати онҳо ва пайравонашон аз ҷониби ҳукумати ҳамон давлатҳост, ки дар ҳамон кишвар зуҳур кардаву аз ҷониби аҳолӣ дастгирии муайяне ёфтанд.

“Лекин ман то ҳол ба ин чиз низ мутмаинам, ки ҳукумат ҳеҷ гоҳ набояд дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ, ки замони ҳокимияти собиқ президентҳои Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев вуҷуд дошт, нисбати онҳо сустмизоҷиву беғайратӣ зоҳир намояд. Ҳам дар сахтгирӣ ва ҳам дар инсондӯстӣ тавозунро мебояд нигоҳ дошт”, - иброз дошт сиёсатмадор.

Ӯ умедвор аст, ки президент дар паёми навбатии худ ба парлумон ба масъалаи бештар башардӯстона кардани қонунгузории мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.

Ғайр аз ин, Шабдолов ҳамчунин умедвор аст, ки дар паёми имсола ба масъалаи мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия нуқта гузошта мешавад.

“Мудом дар ВАО хабарҳо нашр мешаванд, ки Душанбе ва Маскав оид ба масъалаи муҳоҷирати корӣ созиш ҳосил кардаанд, лекин баъзан муносибати ғайриинсонии ҳукумати Русия ва шаҳрвандони ин кишвар нисбати муҳоҷирон то ҳол боқӣ мемонад”, - таъкид дошт Шодӣ Шабдолов.

Ӯ изҳор дошт, ки пандемияи пайдошуда собит намуд, ки ба кишварҳои рушдёфта, аз ҷумла Русия низ дар замони муосир қувваи кории хориҷӣ зарур буда, аз ин рӯ, дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик Маскав ва Душанбе ин вазъро низ бояд ба инобат гиранд.

Ба ақидаи ӯ, президент дар паёми худ ҳатман оид ба масъалаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соли 2021 низ изҳори назар хоҳад кард.

“Лекин ин масъала бояд кори ҳамарӯзаи ҳукумат, на паёми сарвари давлат бошад”, - илова кард Шабдолов.

Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, дар ин замони душвор шаҳрвандони кишвар аз пешвои худ пеш аз ҳама, таъсиси ҷойҳои кории бузургмиқёсро дар дохили кишвар интизоранд.

Абдуғанӣ Мамадазимов
Сурат: DW

Ғайр аз ин, мегӯяд ӯ, президент дар паёми худ ҳатман ба масъалаи таъмини суботи иҷтимоӣ-сиёсӣ дар Тоҷикистон рӯ хоҳад овард.

Сиёсатшинос таъкид дошт, ки мардум аз президент ҳамчунин маоши шоиста, нигаҳдории нархҳо ба маҳсулоти ниёзи аввал, коҳиши сатҳи коррупсия пеш аз ҳама, дар мақомоти ҳокимияти давлатиро низ мунтазиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.