Муовини аввали вазири тандурустӣ, масъули бахши беҳдошту бумшиносиро аз кор гирифтанд. Ӯ дар конфронси матбуотӣ дар мавзӯи воксан, Куреи шимолӣ ва ҷанубиро ба ҳам омехт, ки чанд хотираи қаблиро дар зеҳнҳо бедор кард.
Замоне Дабири кулли ҳизби кумунисти шӯравӣ-Горбачёв Тоҷикистонро "Таджикия" номид ва баъд аз эроди вакили кишвари мо узр пурсид. Бори дигар раиси вақти яке аз кумитаҳои порлумон Ғозималикро "Зоғималик" хонду ба эроди ҳозирин " Ғоз аст, зоғ аст, арду пититс аст" гуфта ҷавоб дод, ки солҳо мавзӯи ҳаҷву хушгӯӣ гашта буд. Вале он ҳарду сиёсатмадор муҷозоте нашуда буданд.
Ба андешаи ман муовини вазир саҳван ба ҷойи “ҷанубӣ” “шимолӣ” талаффуз кард ва вақте эрод гирифтанд, хост гапро ба шӯхӣ гардонад, вале ба масхараи рӯзноманигорон мувоҷеҳ шуд, вагарна Куреи шимолӣ кишваре нест, ки касе аз аҷибу ғариби он, аз ҷумла аз зиддияташ бо Куреи ҷанубӣ бехабар бошад. Ҳамчунин бардошти ман ин аст, ки ӯ мехост конфронсро ба таври озод ва шод пеш барад, вале музҳик тофт ва вокуниши манфӣ дар расонаву шабакаҳо ба қадре шиддат гирифт, ки ҳатто мавзӯи асосии конфронсро канор зад, ва гӯё сабаби барканорияш шуд.
Ростӣ бо ин шахс шиносоии шахсӣ надорам, вале ба назарам дар замони бӯҳрони Кувид-19 хуб хидмат кард. Инро ҳам бигӯям, ки тими кунунии Вазорати тандурустӣ беҳтарин тимест, ки дар даврони фаъолияти Бемористони Ибни Сино дидаам. Қадре ёриву ҳамкорӣ мекунанд, муҳимтар аз ҳама дахолати ноҷо намекунанд. Яке аз аъзои ин тим, ки мутахассиси хуби соҳа ва моил ба ҳамкорӣ бо бемористонҳои хусусӣ буд, ҳамин муовини мустаъфӣ аст...
Ва аммо дар мавзӯи он конфронсӣ матбуотӣ
Аз воксани Астра Зенека миқдори сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд. Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад.
Вале аз дуру наздик хабари оризаҳои вазнини ин воксан низ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш дар Олмон гузарондани ин воксанро ба шахсони аз шастсола поён ба сабаби оризаҳои вазнин ва ҳатто марг мамнӯъ карданд ва танҳо ба касони аз шастсола боло иҷозат додаанд, дар ҳоле ки тавлидкунанда дар аввали дам онро ба шахсони синни аз шаст боло тавсия надода буд. Умедворам ин на ба он маъност, ки бехатарии одамони аз шаст боло барои олмониён аҳамияти камтар дошта бошад...
Қаблан ҳам чанд кишвари аврупоӣ задани ҳамин воксанро боздошта буданд.
Ин ҳама ногузир таассуроте ба бор меорад, ки гӯё ин воксан ба таври лозим омӯхта нашудааст.
Ин воксан ба Тоҷикистон бепул дода шуда бошад ҳам, аз тариқи барномаи Covax маблағгузорӣ шудааст. Шояд дар гузарондани он шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар ин воксан қобили эътимод дониста нашавад, аз он даст кашем ва воксани дигареро аз Covax дархост кунем?
Бахусус бо назардошти он ки аксари мардуми мо ба таври табиӣ воксаншудаанд ва пандемӣ дар кишвар он шиддати ваҳмангезро надорад. Бе ин ҳам мо ба миқдори кофӣ ба ин вируси манҳус қурбонӣ додем.
Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста