Сиёсатмадори маъруфи тоҷик, собиқ раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар мусоҳиба бо хабарнигори "Азия-Плюс" изҳор дошт, ки барои таъмини сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, Душанбеи расмиро лозим аст, ки фавран бо ҳаракати сари қудрат дар Афғонистон омадаи “Толибон иртибот роҳандозӣ намояд.
"Роҳандозии муносибот бо “Толибон” маънои онро надорад, ки Тоҷикистон ҳокимияти Толибонро, ки асоси гурӯҳҳои мусаллаҳи онҳоро 46 қабилаи паштунҳои Афғонистон ташкил медиҳанд, расман эътироф мекунад ", - иброз дошт сиёсатмадор.
Бо ёдоварӣ аз солҳои кораш дар миёнаҳои солҳои 1980 дар Кобул ба ҳайси мушовири Кумитаи марказии Ҳизби халқии демократӣ, ки он вақт дар Афғонистон ҳукмронӣ мекард, Шабдолов зикр кард, ки барои паштунҳо Қуръони карим ва қоидаҳои арҷгузорӣ ба номусу шараф (Кодекс чести) муқаддас дониста мешаванд.
“Зимни иртибот бо толибон (паштунҳо) ин омилро ба инобат гирифтан зарур аст”, - чунин мешуморад Шабдолов.
Сиёсатмадор изҳор дошт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар тӯли маъракаи даҳсолаи Афғонистон тақрибан 60 млрд доллар сарф карда, пас аз хуруҷи нерӯҳои шӯравӣ дар соли 1989, ҳокимияти президенти онвақтаи Афғонистон Наҷибулло се соли дигар ба террористон муқовимат нишон дод ва "агар хиёнати раҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёв ва Русия - Борис Елтсин намебуду онҳо аз Афғонистон рӯй намегардониданд, президент Наҷибулло метавонист бар Толибон пирӯз шавад".
"ИМА тӯли бист соли ҳузури низомии худ дар Афғонистон беш аз як трлн доллар сарф карда, аммо пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишвар ҳукумати Ашраф Ғанӣ ҳатто як моҳ ҳам истодагарӣ карда натавонист", - гуфт Шабдолов.
Вай ҳамзамон гуфт, дар шароити феълии мавҷуда дар давлати ҳамсоя мақомоти Тоҷикистонро зарур аст, ки натанҳо бо Толибон, балки бо тамоми нерӯҳои сиёсии Афғонистони имрӯза робита барқарор кунанд.
Дар пешгӯйии вазъи ояндаи ҷумҳурӣ пас аз вуруди “Толибон” ба Афғонистон, Шабдолов зикр кард, ки Русия ва Чин ба шиддат гирифтани вазъ дар Тоҷикистон роҳ намедиҳанд.
«Ман на ҳамеша аз сиёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баъзе самтҳо ҷонибдорӣ мекардам, лекин аз таҳкими марз бо Афғонистон комилан ҷонибдорам ва дар сурати зарурат, омодаам, ки бо силоҳ дар даст ба ҳифзи марзу буми Ватан бархезам”, - илова намуд сиёсатмадор.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста