Бар асари як силсила заминларзаҳо дар Туркия 44 ҳазору 374 нафар ҳалок шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии TRT Haber бо истинод ба Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода (AFAD).
“То ин дам қариб 10 ҳазор таконҳои пас аз заминларза (афтершокҳо) рух доданд. Корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар Туркия қариб дар 21 ҳазор бино ба охир расида, айни замон 8 ҳазору 182 корманди хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷот ба кор дар самти расонидани кумакҳои башардӯстона ҷалб шудаанд”, - иброз доштаааст роҳбари AFAD Юнус Сезер.
Ба гуфтаи вай, дар минтақа 287 шаҳракҳои хаймаҳо ташкил шудааст.
Теъдоди умумии қурбониёни заминҷунбӣ дар Сурия бо шумули ҳалокшудагон дар минтақаҳои ошӯбгарон ва ноҳияҳои таҳти назорати ҳукумат ба 5 ҳазору 914 нафар расид, менависад France24.
Ҳукумати Туркия хабар дод, ки дар робита ба фурӯ рафтани бинову иншоот бар асари заминларза нисбати 612 нафар тафтишот роҳандозӣ шуда, 182 нафар бо шумули паймонкорони сохтмон, моликон ва мудирони бинову иншоот гумонбар дониста мешаванд ва то қарори суд ба ҳабс гирифта шудаанд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки бисёре аз бинову иншоотҳое, ки пас аз заминларза фурӯ рехтаанд, эҳтимолан бо истифода аз масолеҳи сохтмонии пастсифат ва ба меъёрҳои давлатӣ ҷавобгӯнабуда сохта шудаанд.
Заминларзаи мудҳиш дар Туркия ва Сурия рӯзи 6 феврал рух дод. Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон онро харобиовартарин дар таърихи кишвар номид.