Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев зимни изҳори назар дар бораи амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Маскав аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳимоят кард. Ин навиштаи худро ӯ дар саҳифаи Facebook гузошта, ҳамчунин зикр кард, ки Қирғизистон аз ин ҳодиса ва ҳалокати теъдоди зиёди одамон андуҳгин аст.
Ба навиштаи Ташиев, ки дар ҳодисаи рухдода як миллати мукаммалро гунаҳкор кардан бемавриду ноҷо аст.
«Террористҳо миллат надоранд ва муттаҳам кардани як миллати том дар ҳодисаи рухдода бо пайравӣ аз аъзои созмонҳои террористие, ки ба барангехтани кинаю адовати қавмӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи зидди муҳоҷирон дар Русия манфиатдоранд, мувофиқ нест», - гуфтааст ӯ.
Ба ақидаи Ташиев, шаҳрвандони ҳама гуна давлат метавонистанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд.
“Ман аз ҷониби худ метавонам поквиҷдонии хадамоти махсуси Тоҷикистонро қатъиян таъкид намоям, муборизаи онҳо бо созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ беист идома дорад. Шаҳрвандони ҳар як давлат метавонанд зери таъсири ҷалбкунандагон қарор гиранд, аммо фармоишгарони ҳамла тасодуфан намояндагони як миллатро интихоб накардаанд, то вазъи муҳоҷиронро дар Русия бадтар кунанд”, - зикр кардааст ӯ.
Ташиев изҳори умедворӣ кардааст, ки талошҳои муштараки хадамоти махсуси кишварҳо "ба татбиқи ҳадафҳои ҷиноятии ба истилоҳ мусулмонони бардурӯғ роҳ нахоҳанд дод".
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” шоми 22 март рух дод. Ба гумони даст доштан дар ин амал Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Русия дар бораи боздошти 11 нафар, аз ҷумла 4 каси бевосита иштирокдошта дар ҳамла хабар дод, ки онҳоро то 22 май ба ҳабс гирифтанд.
“Бароям муҳим аст, ки хонанда баъди хондани осорам ба фикр фурӯ равад”. Сорбон 85-сола шуд
“Бо умед хона харидем, вале ҳанӯз иҷора мешинем”. Шикояти сокинон аз бинои нотамом ва ваъдаи ширкати сохтмонӣ
Содирот кам аст. Тоҷикистон истеҳсоли сементро коҳиш додааст
Рӯзҳои истироҳатӣ ҳаво дар Тоҷикистон хунук мешавад
Тафтиши парвандаи ҳамлаи террористӣ дар “Крокус” ба охир расидааст
Дар Тоҷикистон кӣ ва чанд пул маош мегирад?
“Каме бемор буданд”. Президенти Академияи миллии илмҳо сабаби таҷлил нашудани 85-солагии Акбар Турсонро гуфт
Мизи мудаввар оид ба натиҷагирии 29-умин Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP29)
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дузди меш ва марди тамаъкор”
Оҷонсии нафақа: Соли гузашта ҳаҷми миёнаи нафақа дар кишвар 106 сомонӣ зиёд шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста