Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи ангезаҳои миллӣ, аз ҷумла куштори Қобилҷон Алиев, ки аз ҷониби миллатгароён дар Русия содир шуд, натиҷаи ташаккули муҳити муҳоҷирбадбинӣ ва беҷазоӣ барои бегонаситезӣ аст.
Мо ба онҳо се савол додем:
- Сабабҳои аслии куштори кӯдак дар Одинсовои вилояти Маскав чист? Кадом омилҳои ҷамъиятӣ метавонистанд ба андешаи як наврас асаргузор бошанд, ки даст ба чунин ҷиноят занад ва дар заминаи миллатгароӣ кӯдакеро аз ҳаёт маҳрум кунад?
- Дастгоҳи таблиғотии Русия чандин сол инҷониб ошкоро душманӣ ба дигар миллату халқҳоро тарғиб мекунад. То чӣ андоза ба ақидаи шумо, он муассир аст?
- Таъсири сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия, ки бо изҳороти бегонаситезии худ маъруфанд, ба шуури наврасону ҷавонон чӣ гуна буда метавонад?
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик:
- Сабаби аслии рӯйдод дар афзоиши бегонаситезӣ ва бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон дар ҷомеаи муосири Русия ифода меёбад. Дар ҳамин ҳол, агар пештар бегонаситезӣ дар ҷомеа хусусияти нисбатан пӯшида дошту асосан дар расона ва созмонҳои ҷудогона таблиғ мешуд, пас тайи солҳои ахир он ба як қисмате аз сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Чунин ҳамкории танготанг, яъне давлат ва созмонҳои ғайридавлативу расонаҳо, ки аз ҷониби он дастгирӣ мешаванд, самараи назаррас нишон дод, ки дар афзоиши бесобиқаи бадбинӣ нисбат ба бегонаҳо дар ҷомеаи Русия ифода ёфт.
Ба ин тариқ, тайи 2 сол (солҳои 2014-2016) фоизи русиягиҳое, ки аз шиори “Русия барои русҳо” дастгирӣ мекунанд, аз 50 то 70% афзуд; ҳиссаи ҷонибдорони маҳдуд сохтани иқомати ҷӯгиҳо аз 17 то 40%, чиниҳо - аз 15 т о 39%, зодагони Осиёи Миёна - аз 19 то 32%, зодагони Қафқоз - аз 22 то 31%, украиниҳо - аз 8 то 18% ва яҳудиҳо - аз 4 то 17% зиёд шуд.

Барои муқоиса, ин қариб ду баробар баландтар аз сатҳи бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Олмон (аз 21 то 32% дар соли 2024) аст, ки таблиғгарони русиягӣ онҳоро аксар вақт ба эҳё ва дастгирии миллатгароӣ гунаҳкор мекунанд.
Метавон гуфт, ки Русия ҷанг дар хориҷаро таҳти шиорҳои мубориза бо миллатгароӣ оғоз намуда, лекин дар ҷомеа ва қаламрави худ ин ҷангро аллакай бохт. Аллакай дар соли 2010 тибқи маълумоти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, қариб нисфи миллатгароҳои нави Аврупо ба Русия рост меомад.
Дар робита ба таблиғот. Он ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа - сар аз соҳаи маорифу илм ва фарҳанг то иқтисод ва ҳаёти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, самарааш ба ин қадр назаррас аст, ки имрӯз ҷомеаи Русия қатъан ба сӯйи тундгароӣ майл кардааст.
Таблиғот имрӯз бегонаҳоро ғайриинсон месозад, онҳоро аз марзҳои ахлоқу қоидаҳо хориҷ мекунад ва аз онҳо ҳатто ҳуқуқи ҳамдардии дигаронро мегирад.
Соли 2022 мубаллиғи Русия А.Красовкий аз "Russia Today" даъват карда буд, ки “кӯдакони украинӣ ғарқу сӯзонида шаванд” ва барои ин ҳеҷ як ҷазои ҷиддӣ нагирифт.
Ҳоло мо бепарвоии қисми зиёди ҷомеаи Русия ба куштори кӯдаки тоҷикро дар Одинсово мебинем; ҳатто аксари блогерон ва расонаҳои маъруфи мухолиф дар ин фоҷеа хомӯшӣ ихтиёр карданд.
Сиёсатмадорони ҷудогонаи ин кишвар бештар на афкори ҷомеаи Русияро ташаккул медиҳанд, балки онро таҷассум месозанд.

Ба гумони ғолиб, ду нукта вуҷуд дорад: аз як тараф, ин сиёсатмадорони Русия, мансабдорон ва вакилон мебошанд, ки бо мақсади маъруфият зидди муҳоҷирон шадидан изҳорот медиҳанд, то ки холи иловагии сиёсӣ ба даст оранд. Ғайр аз ин, онҳо худашон низ чун ҷузъи ҷомеа ақидаи онро инъикос мегӯянд.
Аз ҷониби дигар, бо изҳороти худ онҳо ҳамчунин ба тақвият ва изҳори ошкорои руҳияи муҳоҷирбадбинӣ мусоидат мекунанд. Мардум мебинанд, ки шахсони расмии сатҳи баланд зидди муҳоҷирон ва муҳоҷирати корӣ изҳори назар мекунанд, ки ин бегонаситезиро дар кишвар қонунӣ мегардонад. Ба ин тариқ, як ҳалқаи сарбастае ба миён меояд, ки дар он сиёсатмадорон ақидаи ҷомеаро қабул карда, ҳамзамон онро ташвиқу тақвият медиҳанд, ки ба тундгароии зиёдтар ва болоравии сатҳи бадбинӣ нисбат ба бегонагон боис мешавад.
Сайфулло Сафаров, собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон:
- Сабаби ин дар ҷомеаи Русия ба амал омадани бӯҳрони амиқи маънавӣ аст, ки ҷомеа дигар дӯстро аз душман фарқ намекунад. Паҳншавии ғояҳои миллатгароӣ, ки хеле чизи бад аст, омили №1 ин падида аст. Боз омилҳои дигари иҷтимоӣ, мисли зиёд будани муҳоҷирон дар ин кишвар, ҳолати ҷангӣ, таҳдидҳои берунӣ, манфиатдор будани рақибони берунӣ ва зиддиятҳои динӣ низ сабаби ин фоҷеа буда метавонад. Вале қувваҳои солими Русия низ хеле пурқувватанд ва метавонанд ба ин миллатгароҳо зарбаи сахт зананд ва оромии ин кишварро нигоҳ доранд.

Яке аз омилҳои куштори кӯдаки тоҷик ин таблиғот ё пропагандаи давлатии Русия аст, ки ошкоро чанд сол боз (пас аз оғози ҷанг дар Украина бештар шуд) душманӣ нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳоро таблиғ мекунад. Вале барои ҳимояи худаш, Русия наметавонад бетарғиботи зиддидушманонаш ҷангро пеш барад. Муҳоҷирон ин ҷо гуноҳ надоранд. Баръакс, онҳо ҷойҳои холии кориро пурра карда, ба иқтисодиёти ин кишвар таъсири мусбат мерасонанд.
Баъзе сиёсатмадорони рус, ки бо изҳороти ошкорои бегонаситезӣ ё ксенофобияшон маъруфанд ва ба ном “патриот” ҳастанд, бар зарари худи Русия кор мекунанд. Ба хотири маъруфити зуд ва осон ва овоз гирифтан дар интихобот.
Масалан Владимир Путин чанд рӯз пеш дар бораи мавҷуд будани ҳамзистии осоиштаи динҳои гуногун дар Тотористон ишора кард. Ин ба он маъно аст, ки на дар ҳамаи ҷойи Русия чунин вазъияти буҳронӣ вуҷуд дорад. Минтақаҳои солим, шаҳрҳои солим дар Русия бисёр аст, вале зиёиён, вакилон, мансабдорони ба бемории миллатгароӣ дучоршуда ҳам кам нестанд. Онҳо дар ҳама ҷо ҳастанд, онҳо ба оромии ҷамъият таҳдид мекунанд ва номи Русияро бад мекунанд. Ваҳдат ва оромии ҷомеаи Русия ба фоидаи худи онҳо аст. Ҳавасманди пароканда кардани Русия дар берун ҳам зиёданд ва аз зиддияти байни халқҳои ин кишвар сахт манфиатдоранд.
Боварӣ дорам, халқи рус аз ин кирдори ваҳшиёна хеле дар хиҷолат аст. Ин бегонаситезӣ обрӯи тамоми шаҳрвандони Русияро паст мекунад. Хоҳ онҳо гунаҳкор бошанд хоҳ не. Ин падидаи бад аст ва барои русҳо натиҷаҳои фоҷиабор дорад.
Рустам Азизӣ, коршинос дар соҳаи муқовимат бо ифротгароии хушунатомез:
- Агар мустақиман бигӯем, сабабҳои амиқи ин ҷиноят на дар сатҳи “ҳодисаи тасодуфӣ” ё “ихтилофи маишӣ” қарор доранд, балки натиҷаи раванди дарозмуддат ва доимианд.
Дар Русия муддати ҳадди ақалл даҳсолаи ахир ва бахусус баъд аз оғози ҷанг дар Украина пайгирона муҳити шадиди душманона ва миллатгаро ташаккул меёбад, ки дар он симои душман ба таркиби калидӣ дар тафаккури ҷомеа табдил меёбад. Ҳамаи “дигарон”, аз ҷумла муҳоҷирону ғайрирусҳо ва бегонаҳо зери зарба қарор мегиранд.
Давлат дидаву дониста ин раванди бемаънӣ ва хеле хатарнокро пуштибонӣ мекунад, зеро он хеле зуд фоидаи сиёсӣ меорад. Дар шароити буҳрони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шарҳи мушкилот бо мавҷуд будани душмани хориҷӣ ё дохилӣ нисбат ба машғул шудан ба ҳаллу фасли он осонтар мешавад.
Дар натиҷа забони нафрат ва бадбинӣ тадриҷан ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта, истифодаи хушунат аз лиҳози ахлоқӣ дуруст дониста мешавад. Ин аввалин чунин ҳолат нест. Дар фазои оммавӣ танҳо он ҳолатҳое вокуниши шадид ба бор меоранд, ки дар онҳо омилҳои бегонаситезӣ бештар возеҳанд. Боқимонда маъмулан ба “ихтилофҳои маишӣ” нисбат дода мешавад. Лекин агар ба ин мушкил амиқан назар андозем, маълум мешавад, ки ин ҷо дар бораи мушкили доимӣ сухан меравад.

Дар Русия имрӯз лаҳни муҳоҷирситезона қариб дар ҳама ҷо садо медиҳад: аз экрани шабакаҳои телевизиони федералӣ, забони вакилон, мансабдорон ва ба истилоҳ “коршиносон”. Инҳо шахсони одӣ аз фазои интернет нестанд, балки мавқеи расмист, ки аз боло ба поён таҳмил карда мешавад. Дар чунин муҳит ҳатто кӯдак усули ба назар одӣ, вале даҳшатнокеро азхуд мекунад, яъне “мо” ҳастему “онҳо” ва онҳо ба “ҳамдардӣ” намеарзанд.
Бахусус вокуниши қисмате аз фазои иттиллотии Русия диданиву омӯзанда буд. Дар як қатор шабакаҳои Z, ки амалан ба сохторҳои давлатии таблиғотӣ шомиланд, зери хабарҳо дар бораи куштор ҳазорон зернавиштҳои таҳқиру хурсандӣ ва мазмунҳои ғайриинсонӣ пайдо шуданд. Вақте ки марги кӯдак ба як мавзӯи хандаву истеҳзо табдил меёбад, ин ҷо сари заволи амиқи маънавии ҷомеа сухан меравад.
Имрӯз дар Русия чизеро метавонӣ ба забон орӣ, ки даҳ сол пеш гуфтанаш ношоиста ё ифротгароёна дониста мешуд. Бахусус хатарнок аст, ки ин таблиғот ба ҷавонону кӯдакон таъсир мерасонад. Онҳо дар муҳите ба воя мерасанд, ки бегонаситезӣ ҳамчун меъёр ва рафтори баду хашмгинона ба сифати “ватандӯстӣ” пешниҳод мешавад. Дар чунин шароит рух додани ба ин монанд фоҷеаҳо ногузир мешавад. Таъсири изҳороти бегонаситезӣ аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорони рус ба шуур ва тафаккури ҷавонон ниҳоят бузург аст.
Вақте ки шахси дорои ваколат ва дастрасӣ ба шабакаи телевизионҳои федералӣ изҳороти ошкорои бадбиниро ба худ иҷоза медиҳад, бо ин кор ин бадбиниро қонунӣ месозад. Барои наврас ин як паёми мустақим аст, яъне чунин амалкард мумкину дуруст аст, зеро ҳокимият чунин мегӯяд.
Темур Умаров, корманди илмии маркази Карнеги оид ба омӯзиши Русия ва АвруОсиё дар Берлин:
- Ба назари ман, ин идомаи тамоюли глобалии тундгароии ҷавонон аст, ки бе назорат аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, ба таъсири равияҳои гуногун, ки на танҳо дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд, дучор мешаванд.

Шояд ин одамон бо ноадолатие дар зиндагии худ рӯ ба рӯ шуда бошанд ва алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ин эҳсоси ноадолатиро пай бурда, муҳтавоеро пешниҳод мекунанд, ки онро мукаммал месозад. Одам ба муҳити сарбастае ворид шуда, зери фишори ҷараёнҳои мухталифи даҳшатнок қарор мегирад.
Ва ин вазъиятест, ки назораташ дар сатҳи давлатӣ ва доимӣ душвор аст.
Ҳамаи ин фазои умумиро дар Русия бад мекунад. Нафрату бадбинӣ мисли обест, ки ҳамеша сӯрохиро пайдо карда, ҳамаи фазоро фаро мегирад. Агар дар сатҳи баландтар забони нафрату бадбинӣ забони расмӣ шавад, пас ин ноаён барои ҳамаи дигарон иҷозат медиҳад, ки чунин фикр кунанд.
Дар сатҳҳои нисбатан пасти ҷомеа одамон ин андешаҳоро ба таври худ мефаҳманд ва касе тасмим мегирад, ки чорае рӯйи даст гирад.

Ман намехоҳам бигӯям, ки сиёсати Русия ба куштори кӯдаки мушаххас боис шуд, вале ҳатто агар нахоҳад ҳам, дар кишвари худ онро дастгирӣ мекунад.
Ин аввалин чунин зуҳури милатгароӣ дар Русияи муосир ва якумин давраи эҳёи ҳаракатҳои миллатгаро дар қаламрави ин кишвар нест, лекин ин бори аввал дар давраи авҷи иттилоот рух медиҳад, ки дар он мо ҳама аз вазъияти якдигар хеле хуб огаҳем.
Ва дар замоне, ки ҳамла ба чунин як амали рамзӣ табдил ёфта, маълумот дар бораи он базудӣ паҳн мешавад, метавонад ба дигар наврасон рӯҳу илҳом бахшад.
Таблиғоти Русия мақсад надорад, ки шумори амалҳои зӯроваронаро дар қаламрави кишвар зиёд кунад, балки ҳадафаш дар муттаҳидсозии ҷомеа атрофи ақидаи мавҷуд будани душман ва таҳдиди ягона ифода меёбад. Ин ҳадафи аслии маъракаи зидди муҳоҷирон ва муҳтавои таблиғоти ба истилоҳ "Амалиёти махсуси низомӣ" аст.
Аммо мақомоти Русия бояд дарк кунанд, ки амалашон ба он оварда мерасонад, ки одамони мушаххас муҳтавои онро ба сифати даъват ба амал қабул мекунанд. Аз ин рӯ, дар зинаҳои пасттар мо теъдоди зиёди ҳаракатҳои миллатгароро мушоҳида мекунем, ки ба таъмини тартибот дар дохили кишвар рӯ меоранд. Онҳо рейдҳо мегузаронанд, баъзан ҳамроҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Дар шабакаҳои иҷтимоии онҳо даъватҳо ба хушунат низ ба мушоҳида мерасанд.
Ҳозир ҳатто сухан гуфтан доир ба он, ки муҳоҷирон ҳам одаманд ва онҳо низ ҳуқуқ доранду онҳоро набояд нодида гирифт, аллакай хатарнок аст. Чунин тарзи баён аллакай кадом як исёну изҳори норозигӣ дониста мешавад. Аз ин нуктаи назар, таблиғот муассир аст, он фарҳанги таҳрифшудаи бекор кардан (cancel culture)-ро ба вуҷуд овард ва акнун барои дар доираи ин фарҳанг будан, бояд ба шадидтар кардани қоидаҳо ё худ усулан мушкилтар кардани ҳаёти муҳоҷирон даъват кардан лозим аст.
Аркадий Дубнов, сиёсатшинос ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ:
- Фоҷеа дар Одинсово дар ҷойи холӣ рух надодааст. Фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба “бегонаҳо” ё ба истилоҳи дигар бегонаситезӣ бахусус дар давраи мухолифати сиёсӣ бо оғози амалиёти ҷангии Русия дар Украина дар соли 2022 шиддат гирифт ва қариб расман “ғайридӯстон” таъин кардани як қатор кишварҳо, қариб ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт. Ба ин таблиғот дар расонаҳои давлатӣ бо таблиғи ақидаҳои ватандӯстӣ, ки номақбул будани вуруди “бегона” ба ҳаёти ҷомеаи Русияро таъкид мекунад, мусоидат кард.

Аз ин рӯ, бархе аз шореҳони Русия бо эътирофи мушкилот дар тарбияи наврасон дар пасманзари фоҷеаи марбут ба куштори кӯдаки тоҷик дар заминаи хусумати миллӣ, “оила ва мактаб”-ро дар ин ҳодиса гунаҳкор медонанд ва дидаву дониста таваҷҷуҳро ба дигар тараф мебаранд. Моҳӣ аз сараш мепӯсад.
Ба гумон аст, ки воқеияти мазкур дар сатҳи муносибатҳои одии инсонӣ бо оғӯшгириҳои дӯстонаи сарони давлатҳои ислоҳ шавад. Беморӣ хусусияти музмин гирифта, табобат вақт ва ивази мақсадҳои ҳадафгузорӣ ва самтҳои сиёсати давлатиро тақозо мекунад.





