Душанбе. 8-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Шореҳи шинохтаи варзиш, раиси Ассосиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов бар он назар аст, ки дастаи Олимпии Тоҷикистон шоистаи ҷоизаи тилло асту дар мусобиқот соҳиби ду медал шуда метавонад.
Ӯ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки миёни варзишгарон воқеъан ба ҷоизаҳои тиллоӣ соҳиби медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли гузашта гӯштингир Юсуф Абдусаломов ва дорандаи медали биринҷии мусобиқоти ҷаҳонии соли 2007 дзюдочӣ Расул Боқиев сазовор шуда метавонанд.
«Ҳамчунин ман аз боксчиён Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Шералӣ Достиев ва гурзандоз Дилшод Назаров умеди калон дорам», - гуфт ӯ.
Ӯ зикр кард, ки агар Д.Назаров гурзро аз
Ба қавли ӯ, барои омодагии 15 варзишгари тоҷик ба олимпиада каме бештар аз 1 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст ва ин дар ҳолест, ки ҳадди ақал барои омодасозии як қаҳрамон 1 млн. доллари амрикоӣ маблағ зарур аст.
Н.Латифов қайд кард, ки ҳама гуна медал нахустин ҷоиза дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон хоҳад буд. «Ҳарчанд соли 1992 дар Барселона гурзандози тоҷик Андрей Абдувалиев соҳиби медали тилло гашт, вале он замон ӯ ба ҳайати дастаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил буд», - афзуд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дар замони шӯравӣ варзишгарони тоҷик шаш медали олимпиро соҳиб гаштанд - Юрий Лобанов 2 медал дар қаиқронӣ (тилло дар Мюнхен ва биринҷӣ дар Маскав), Зебуннисо Рустамова дар камонварӣ медали биринҷӣ (Монреал), Анатолий Старостин 2 медали тилло дар мусобиқоти шахсӣ ва даставӣ (Маскав) ва Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ медали тилло (Барселона).
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста