Ин вохӯрӣ дирӯз, 9-уми август, маҷозӣ баргузор шуда, дар он Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо консулҳои генералии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Екатеринбург, Новосибирск, Санкт-Петербург, Уфа ва Хадамоти консулии Сафорат машварати корӣ гузаронидааст. Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, зимни мулоқот мушкилиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба фаъолияти меҳнатӣ ва шароити иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва саривақт баргардонидани онҳо ба ватан баррасӣ шудааст.

Давоми чанд моҳи охир, баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол” дар моҳи марти соли ҷорӣ ва бо иттиҳоми содир кардани ин ҳамла боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия фишорро болои муҳоҷирон зиёд кард ва рӯздармиён қонунгузории муҳоҷирати худро тағйир медиҳаду сахттар мекунад. Теъдоде аз шаҳрвандону муҳоҷирони тоҷикро ҳатто дар фурудгоҳҳо иҷозаи вуруд намедиҳад. Ҳолатҳои бо баҳонаҳои ночиз ё ҳатто бидуни ҳеч баҳона бозпас фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон, барои солҳои дароз аз ҳаққи вуруд ба қаламраваш маҳрум кардан низ зиёд шудааст. Танҳо дар 6 моҳи соли 2024 176 ҳазор рейд гузаронида, нисбат ба ҳафт моҳи соли гузашта 55% бештар муҳоҷирони кориро аз қаламрави худ ихроҷ кардааст.

Зимнан, Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон далелҳои ихроҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро қонунвайронкунии худи онҳо донист.

"Бо сабабҳои гуногун, қонунвайронкуниҳои қаблан содиршуда, риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират, надонистани забон ва одоб шаҳрвандон бозпас гардонда шуда истодаанд”,- гуфт ӯ дар нишатси матбуотии охири вазорат.

Ӯ ҳамчунин гуфт дар ним соли 2024 барои содир намудани қонуншиканиҳои гуногун 17,1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия хориҷ карда шуданд.

Баъди ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” дар Русия эҷоди маҳдудиятҳои гуногун нисбати муҳоҷирон идома дорад. Агар пештар онҳо асосан ба масоили риоя накардани қонунгузории муҳоҷират ва дарёфти шаҳрвандӣ дахл доштанд, пас ҳозир вакилон пешниҳод доранд, ки кори хориҷиён дар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва бахши хидматрасонӣ манъ шавад.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ Русия беш аз 30 тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории муҳоҷират пешниҳод кардааст, ки аксари онҳо аллакай қабул гардида, аз соли дигар нисбати муҳоҷирон татбиқ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.