Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Се донишҷӯи тоҷики муқими Амрико дар ҳисоби даставии мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд.
Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ОИ «Азия-Плюс» огаҳӣ ёфт, дар мусобиқа ба ҷуз варзишгарони амрикоӣ, инчунин намояндагони давлатҳои Канада, Мексика, Колумбия ва Перу низ ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро донишҷӯёни коллеҷи Майами (ИМА) Бахтовар Донизода, Парвиз Муродов ва донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Рустам Ӯлмасов намояндагӣ карданд.
Дар гурӯҳи синнусоли худ Б.Донизода ва Р.Ӯлмасов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, Р.Ӯлмасов унвони қаҳрамони мутлақи ИМА оид ба таэквондоро соҳиб шуд.
Ёдрас мекунем, ки Рустам Ӯлмасов Тоҷикистонро дар бисёр мусобиқоти байнулмилалӣ намояндагӣ карда, айни замон дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар Майами қарор дорад.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста