Сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Олимҷон Рафиқов иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъин карда шуд.
Таҳти сарварии ӯ даста ба баргузории вохӯриҳои даври севуми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар гурӯҳи «С»-и қораи Осиё омодагӣ мегирад.
«Мо ба хубӣ дарк мекунем, ки ба гурӯҳи хеле пурзӯр (Ӯзбекистон, Ҷопон, Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея) афтодаем ва албатта, кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки ба таври шоиста қувваозмоӣ намоем», - гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» и. в. сармураббии даста.
Ба гуфтаи ӯ, пагоҳ дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ барои машқу тамрин ва омодагӣ ба вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон озими шаҳри Қайроққум мегардад. Тибқи маълумоти пешакӣ, ба ҳайати даста як зумра футболбозони нав аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Кӯлоб) даъват карда шудаанд. Ҳамчунин аз иштироки футболбозони тоҷик, аз қабили Фарҳод Восиев, Искандар ва Манучеҳр Ҷалиловҳо, ки дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, низ интизорӣ меравад. Масъалаи ба вохӯрии мазкур ҳозир шудани футболбози тоҷик Акмал Холматов аз Эрон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро асосан футболбозони дастаи «Истиқлол» ташкил медиҳанд. «Ба ҷуз футболбозони дастаи «Истиқлол», дар хусуси омодагии футболбозони дигар дастаҳо ман маълумоти пурра надорам, вале ба ҳар ҳол, қобилияти ҳар якеро ба эътибор гирифта, ҳайати дастаро дар вохӯрӣ бо дастаи Ӯзбекистон муайян мекунем», - изҳор кард Олимҷон Рафиқов.
Вохӯрии аввалро дастаи Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турснзода бо дастаи Ӯзбекистон мегузаронад. Оғози бозӣ соати 16:30 бо вақти маҳаллӣ аст. Вохӯрии дуюми даста рӯзи 6-уми сентябр дар меҳмонӣ бо дастаи Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея доир мегардад.
Дар робита ба масъалаи сабаби дар варзишгоҳи марказии пойтахт баргузор нагардидани бозии мазкур, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Шавкат Аҳмедов изҳор кард, ки дар варзишгоҳи марказӣ корҳои таъмир идома доранд ва анҷоми онҳо рӯзи 8-уми сентябр дар назар аст.
Кумитаи андоз исми 16 блогерро нашр карда гуфт, онҳо ба "соҳибкории ғайриқонунӣ машғуланд"
Дар орзуи шароити хуби корӣ. Кӯҳнадӯзони Хуҷанд дар барфи зимистону гармои тобистон чӣ кор мекунанд?
Тоҷикистон барои сохтмони пули дарозтарин дар кишвар қарз дарёфт кард
Боздошти як корманди Комиссариати ҳарбӣ барои гирифтани пора дар Темурмалик
Раиси пешин ва нави ҲДТ дар интизори хулосаи Вазорати адлия. Усмонзода аз мандати вакили парлумон маҳрум мешавад?
Қазоқистон ба Тоҷикистон барои таҳсили IT-мутахассисон 100 ваучер дод
Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт
Роҳбари ширкатеро, ки автобусаш дар Петербург ба дарё афтод, низ ду моҳ ба ҳабс гирифтанд
Дар Душанбе як зан фарзанди нахустини худро дар "Олуча Такси" ба дунё овард
Даромад аз шағал муҳимтар аз амнияти одамон? Шикояти сокинони маҳаллаи селзадаи Ваҳдат аз хунукназарии масъулин
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста