Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи шинохта, Раиси Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов изҳор кард, ки аксари варзишгарони тоҷике, ки ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои Олимпиадаи Лондонро ба даст овардаанд, барои соҳиб шудан ба медалҳои мусобиқот имкониятҳои хуб доранд.
Ба андешаи ӯ, барои муваффақ шудан ба медалҳои олимпиада боксчиён Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева имкониятҳои хуб доранд.
«Аммо мебояд дар хотир дошт, ки дар даврҳои пешакӣ киҳо ҳарифони варзишгарони мо мешаванд ва агар онҳо бо чемпионҳои амалкунанда дучор шаванд, пас умедҳои мо дар марҳилаи аввали мусобиқот барҳам мехӯранд», - таъкид кард коршинос.
Латифов мегӯяд, таэквондочиёни тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов таҷрибаи кофии иштирок дар мусобиқоти байнулмилалиро надошта, танҳо як мӯъҷиза метавонеад ба медал гирифтани онҳо кӯмак кунад.
«Бо назардошти синнусол, ин олимпиада барои гӯштигир Юсуф Абдусаломов охирин хоҳад буд ва ӯ метавонад барои ба даст овардани медал кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад», - иброз дошт вай.
Дар робита ба иштироки варзшгарони маъруфи тоҷик – гурзандоз Дилшод Назаров ва дзюдочӣ Расул Боқиев номбурда гуфт, тайи ду соли ахир Расул Боқиев дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 19-20-ум қарор дорад ва нишондиҳандаҳои Д.Назаров барои ба даст овардани медали олимпӣ кофӣ нест.
Ёдрас мекунем, ки то имрӯз варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 13 роҳхат ба даст оварданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста