Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва КМВА «Помир»-и Душанбе бозии финалӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта, 30 дақиқаи иловагӣ низ ғолибро муайян накард.

Дар силсилаи зарбахои 11-метра футболбозони дастаи «Хайр» бо ҳисоби 6 бар 5 дастболо шуданд. Ягона зарбаи хато аз ҷониби капитани дастаи КМВА «Помир», футболбози соҳибтаҷриба Раҳматулло Фузайлов сурат гирифта, зарбаи задаи ӯ ба паҳлучӯби дарвоза бархӯрд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ ноиби президенти ФФТ Хуршед Мирзоев ба капитани дастаи «Хайр» Мирзобек Мирзоев Ҷоми ФФТ ва сертификат ба маблаги 20 ҳазор сомониро супурд. Футболбозон, ҳайати раҳбарӣ ва мураббиёни дастаи «Хайр» бо медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба футболбозону ҳайати рахбарӣ ва мураббиёни дастаи КМВА «Помир» дабири кулли ФФТ Ислом Маҳмадшоев сертификат ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва медалҳои нуқраи Ҷоми ФФТ-ро тақдим кард.