Ҳимоятгари дастаи «Рубин»-и Қазон Искандар Ҷалилов (қад 180 см, вазн 73 кило) ҳунарнамоии худро дар дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе идома медиҳад. Футболбози 21-сола то ахири сол ба иҷора гирифта шудааст.

Бино ба иттилои торнамои расмии дастаи футболи «Истиқлол», имрӯз, 4-уми сентябр Искандар Ҷалилов аз Қазон ба Душанбе омада, аллакай бо ҳайати даста дар тамрин иштирок кард. Ҷалилов таҳти рақами 29 метавонад ҳам дар марказ ва ҳам дар паҳлӯи ҳимояи даста ҳунарнамоӣ кунад. Ояндаи наздик Ҷалилов ба рӯйхати даста ҷиҳати иштирок дар даври дуюми чемпионат ва мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон шомил мегардад.

Ҷалилов дар мактаби варзишии кӯдакону ҷавонон (ДЮСШ)-и Маскав таълим гирифтааст. Соли 2010 Искандар ба ҳайати ҷавонони дастаи «Рубин» шомил гардида, дар мусобиқоти дастаҳои ҷавонони мусобиқоти футболи Русия 60 вохӯрӣ гузаронид. Тайи ним соли ахир ҳимоягари 21-сола дар дастаи «Турну-Северин»-и Руминия бозӣ карда, дар ҳайати он 11 вохӯрӣ гузаронидааст.