Дар вохӯрии дуюми давраи интихобии Ҷемпионати Осиё (U-19) дар гурӯҳи «D» дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз дастаи Арабистони Саъудӣ бо ҳисоби бузурги 0 бар 5 мағлуб гардида, аз роҳ ёфтан ба мусобиқоти финалии Чемпионати Осиё – 2014 дар Мянма маҳрум гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров дар конфронси матбуотии пас аз бозӣ изҳор намудааст, ки пас аз вохӯрии душвори аввал бо тими Эрон (0 бар 2) бозингарони даста худро барқарор карда натавониста, имрӯз ҳам дар хатти ҳимоя ба хатогиҳои дағал роҳ доданд, ки ба шикаст боис гардид.
Гуфта мешавад, дар бозии дигари ин гурӯҳ соҳибони майдон – тими Эрон бар дастаи Лубнон бо ҳисоби калони 6 бар 1 пирӯз шуданд.
Ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «D» пас аз ду бозӣ дастаҳои Эрон ва Арабистони Саъудӣ бо касби 6 имтиёзӣ пешсафанд ва дар вохӯрии ҳарду даста, ки рӯзи 12-уми октябр баргузор мешавад, ғолиби гурӯҳ муайян хоҳад шуд. Дар вохӯрии охирин дастаи Тоҷикистон бо тими Лубнон қувваозмоӣ мекунад. Бозиҳои дастаҳои ин гурӯҳ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и шаҳри Кирмони Эрон ҷараён доранд.
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста