ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон” барои дарёфти “Ҷоми Баҳористон” мусобиқаи байналхалқии футбол барпо мекунад.

ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон” бо мақсади идомаи анъанаи неки худ Мусобиқаи байналхалқии футболро барои дарёфти “Ҷоми Баҳористон” баргузор менамояд. Дар мусобиқа дастаҳои футболи Лигаи Олии Тоҷикистон: КФ “Истиқлол”, КФ “Хайр”, КФ “Далерон” ва тимҳои пешсафи Премер Лигаи Қазоқистон КФ “Жетису”, КФ “Актобе” ва КФ “Есил” ширкат меварзанд. Мусобиқа аз санаи 5-ум то 20-уми феврали соли 2014 дар майдонҳои футболи осоишгоҳ сурат мегирад.

ҶСП “Осоишгоҳи Баҳористон” ҳамаро барои истироҳату табобат ва тамошои қувваозмоии футболбозони моҳир даъват менамояд.