Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2014 рӯзи 30-юми апрел дар шаҳри Ҳошимин аз тими Кувайт бо ҳисоби 0-5 шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитиа миллии олимпии ҶТ, мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Ветнам то 10-уми май идома хоҳад кард. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми сабқати гурӯҳии қаҳрамонии Осиё имрӯз, 2-юми май бо тими мизбон – Ветнам ва дар даври сеюм рӯзи 4-уми май бо мунтахаби Ироқ бозӣ мекунад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 14 футболбоз дохиланд: дарвозабонҳо – Миралӣ Шарифов, Мурод Алиқулов ва Шӯҳрат Бибудов, бозигарон – Шерзод Ҷумъаев, Мансур Мамедбобоев, Хуршед Маҳмудов, Аҳтам Назаров, Алишер Улмасов, Орзу Додхудоев, Самад Шоҳзуҳуров, Арсен Фаронбеков, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов ва Далер Ақназаров.
Бояд тазаккур дод, дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ – чорякниҳоӣ - мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «В» - Эрон, Австралия, Чин ва Индонезия рақобат мекунад.



“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста