Нимаи дуюми рӯзи 22юми июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ конференсияи ғайринавбатии интихобии Федератсияи футболи вилоят баргузор гашт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар кори он раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва аъзоёни Федератсияи футболи вилоят ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс асосан ду масъала интихоби раис ва муовини ФФС мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа тариқи овоздиҳӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон Раиси ФФС интихоб гардид. 55 нафар иштирокчиёни конфронс, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд ҳама номзадии роҳбари вилоятро ба ин вазифа ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин Рустам Марофиев - муовини раиси ФФС интихоб гардид. Федратси футболи вилояти Суғд соли 1992 таъсис дода шуд.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2013 инҷониб чемпионати вилояти Суғд мақоми лигаи якумро гирифт ва айни замон дар он 12 даста иштирок менамояд. Ҳамчунин дар лигаи олии кишвар се дастаи вилоят “Хуҷанд” - и шаҳри Хуҷанд, “Далерон-Уротеппа” – и шаҳри Иставрашан ва “Парвоз” - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳунарнамоӣ доранд.
Ҳамчунин бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сокинон ба варзиш ва ноил гаштани онҳо ба натиҷаҳои назаррас дар вилоят барои 48 нафар варзишгарони беҳтарин идрорпулии Раиси вилоят таъсис дода шудааст.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста