Шоми панҷшанбеи 18-уми сентябр дар шаҳраки Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин маросими ботантана нахуст раиси шаҳраки Бозиҳои XVII осиёӣ ҳайатҳои варзишии Тимори Шарқӣ, Узбекистон, Ҳиндустон, Тайван, Тоҷикистонро хайра мақдам гуфта, барои ширкаташон дар ин чорабинии бузурги варзишӣ изҳори сипос намуд. Сипас парчамҳои давлатии ин кишварҳо, аз он ҷумла Тоҷикистон, таҳти садои сурудҳои миллии кишварҳо барафрохта шуданд. Умуман, дар муддати 6 рӯз парчамҳои давлатии 45 кишвари Осиё дар шаҳраки Бозиҳои XVII осиёӣ барафрохта шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули беш аз 150 нафар, аз он ҷумла 92 варзишгар, ки 16 нафарашон занонанд, ширкат мекунад.
Дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ варзишгарони тоҷик аз рӯи 16 намуд - бокс, дзюдо, гуштини озод, гуштини юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэ, таэквондо ВТФ, вазнабардорӣ, камонварӣ, ушу, софт теннис, қаиқронӣ ва волейболи соҳилӣ рақобат хоҳанд кард.
Муштзани машҳур Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012, дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки имрӯз, 19-уми сентябр, соати 18:00 ба вақти Инчон (соати 14:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Тоҷикистон сар аз соли 1994 барои бори шашум дар Бозиҳои осиёӣ ширкат меварзад. Дар Бозиҳои пешин варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал ба даст овардаанд, ки сетоаш тилло, дутоаш нуқра ва ёздаҳтоаш биринҷӣ мебошад. Аз он ҷумла, ду медали тилло ба Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, мансуб аст. Як медали дигари тиллоро Ҷаҳон Қурбонов, муштзани маъруфи тоҷик, ба даст овардааст.
Варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин 4 медал (1 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр бо медали тилло сарфароз гаштааст. Расул Боқиев дар риштаи дзюдо дар вазни то 73 кг ва Муродҷон Тӯйчиев дар намуди гуштини юнониву румӣ дар вазни 120 кг ва Ҷаҳон Қурбонов дар риштаи бокс дар вазни то 91 кг бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шудаанд.
Аз сафар ба Русия муваққатан худдорӣ кунед! Тавсияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон
“Қонуни тиб”-и Сино барандаи Шоҳҷоиза шуд
Гигабайтҳои гарон. Оё тоҷикон метавонанд ба интернети арзон умед банданд?
Шиносномаи дохилиро гум кардед? Чӣ тавр метавон шиносномаи нав гирифт?
Тотористон барои таҳсили тоҷикистониён дар коллеҷҳо 100 квота ҷудо кард
Ҳамлаи бесарнишинҳо кори фурудгоҳҳои Маскавро ба таъхир андохт
Мушакборони ғарби Сурия ва куштори 16 нафар. Сурия Исроилро гунаҳкор кард
“Вазифа”-и нави Шоҳрух Саидзода чист ва чӣ салоҳият дорад?
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Боздошт ва ҳабси чор ҷавон барои муноқиша дар маркази Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста