Пас аз анҷоми бозии дӯстонаи собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав, ки рӯзи 25-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт доир мегардад, бозии лотерея гузаронида шуда, дар он автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» ба бозӣ гузошта мешавад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин бозӣ тамошобинонро натанҳо баҳра аз ҳунарнамоии футболбозони дӯстдошта, балки боз якчанд чорабиниҳои гуногуни ҷолиби фароғатӣ низ интизор аст. Нархи билет ба ҳама қисматҳо (трибунаҳо)-и варзишгоҳ як хел – 15 сомонӣ аст. Бозӣ соати 17-00 оғоз мегардад.
Дар ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Помир» ҳунарнамоии Андрей Мананников, Станислав Карасев, Анатолий Воловоденко, Олег Ширинбеков, Олимҷон Рафиқов, Олег Малюков, Алексей Чередник, Валерий Турсунов, Ҳаким Фузайлов, Александр Пилюгин, Муҳсин Муҳаммадиев, Вазген Манасян, Нариман Палабуюк, Азамат Абдураимов, Равшан Бозоров, Рустам Забиров, Владимир Ғуломҳайдаров, Александр Азимов, Абдуғаффор Юлдошев, Алиёр Ашӯрмамадов, Умед Алидодов, Сулаймон Бобокалонов ва дигарон дар назар аст. Сармураббии даста Мураббии шоистаи ИҶШС Шарфи Назаров мебошад.
Ҳайати собиқадорони дастаи футболи «Спартак»-ро бозингарон Руслан Нигматуллин, Дмитрий Хлестов, Борис Поздняков, Рамиз Мамедов, Юрий Ковтун, Сергей Шавло, Вагиз Хидиятуллин, Валерий Кечинов, Георгий Яртсев, Валерий Шмаров, Андрей Пятнитский, Юрий Гаврилов, Эдуард Мор, Олег Кужлев, Владимир Букиевский, Александр Кокорев ва дигарон намояндагӣ мекунанд. Сармурббиёни дастаи маскавиҳо Олег Романтсев ва Вячеслав Егорович таъин шудаанд. Ҳамаи онҳо тӯли солҳои гуногун дар ин дастаи маъруфи Русия, ки аксаран онро дастаи мардумӣ мегӯянд, ҳунарнамоӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар бозии лотерея, ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард.
Билетҳои бозии «Истиқлол» - «Шалке-04» низ сарфи назар аз ҷой, дар варзишгоҳи комилан аз мухлисон пуршуда 15 сомонӣ (тақрибьан 3 $) нарх дошт. Аз фурӯши тамоми билетҳо дар Варзишгоҳи марказии дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст 300 ҳазор сомонӣ (тақрибан 60 ҳазор $) даромад ба даст меояд.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста