Дар рейтинг ё феҳристи нави нашршудаи ФИФА (Федератсиони байналмилалии футбол) чун моҳи гузашта дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо касби 215 имтиёз дар зинаи 135-ум боқӣ монд.
Дар зинаҳои аввали рейтинг дастаҳои мунтахаби футболи Олмон, Аргентина, Колумбия, Белгия, Нидерланд ва Бразилия қарор доранд.
Дар ҳамин ҳол, дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум ва миёни собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми 12-ум (пеш аз Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон) қарор дорад. Дар ин қора тимҳои миллии Ҷопон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ пешсафанд.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста