Вох ӯ рии дуюми дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври дуюми мусобиқи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 оид ба футбол бо дастаи Бангладеш мусовӣ - 1 бар 1 анҷом пазируфт. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Бангабандуи Бангладеш бо ҳузури 12 ҳазор нафар тамошогарон баргузор шуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳисобро дар дақиқаи 50-ум мизбонон кушода, дар дақиқаи 88-ум Фатҳулло Фатҳуллоев баробар кард. Дар дақиқаи 66-ум бозигари дастаи Тоҷикистон Сиёвуш Асроров аз майдон хориҷ карда шуд.

Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Қирғизистон ва Австралия доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба фоидаи дастаи Австралия анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, баъди ду давр дар ин гурӯҳ се даста - Австралия, Урдун ва Қирғизистон се имтиёз ба даст оварда, тимҳои Тоҷикистону Бангладеш 1-имтиёзӣ касб карданд. Вохӯрии навбатии дастаи Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр дар Душанбе бо тими Австралия баргузор мешавад.