Ҳамаи 4 дастаи иштирокчии бозиҳои нимфиналии Ҷом футболи Тоҷикистон-2015 муайян шуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар се бозии ҷавобии боқимонда «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ вохӯрӣ бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дода, чун дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омада буд, ба даври нимфиналӣ роҳ ёфт.
Дастаи «Барқи тоҷик» дар майдони худ аз тими КМВА»Помир» бо ҳисоби калони 1 бар 5 шикаст хӯрда, аз ҳаққи иштирок дар даври дигар маҳрум шуд. Дар бозии аввали ин дастаҳо низ КМВА «Помир» бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуда буд.
Бозии дастаи лигаи аввал - «Саройқамар»-и Панҷ бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Фархор мусовӣ 1 бар 1 анҷом ёфта, «Регар-ТадАЗ» аз ҳисоби ғалаба дар бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 0 соҳиби роҳхат ба бозиҳои нимфиналӣ гардид.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар вохӯрии ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар сафар бозиро бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд мусовӣ (0:0) анҷом дода ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, зеро дар бозии аввал бо ҳисоби 6 бар 1 дастболо шуда буд.
Ҳамин тариқ дар вохӯриҳои нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2015 «Истиқлол» бо «Равшан» ва КМВА «Помир» бо «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Бозиҳои аввали нимфиналӣ рӯзҳои 19-20 сентябр ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30 сентябр-1 октябр доир мегарданд.
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Фейк | Маводи мухаддир бо номи “клубничный квик” дар мактабҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста