Бозии ҷавобии даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 байни дастаҳои «Паҳанг»-и Малайзия ва қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз мустақиман тариқи телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» пахш мешавад.
Роҳбари департаменти маркетинг ва робита бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба сомонаи расмии ФФТ дар ин робита изҳор доштааст, ки ҳуқуқи намоиши бозиро Федератсия ба даст оварда, ба телевизиони давлатии «Шабакаи аввал» додааст.
Бозӣ имрӯз, 16 сентябр дар варзишгоҳи Дорулмақмур дар шаҳри Куантана доир гардида, сости 17:45 дақиқа бо вақти Душанбе оғоз мегардад. Пахши мустақими бозӣ тариқи телевизиони «Шабакаи аввал» соати 17:40 дақиқа шурӯъ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали даври чаҳорякфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015, ки рӯзи 26 август дар Душанбе баргузор шуд, дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калони 4 бар 0 бар дастаи меҳмонон дастболо шуд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста