Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал – як тило ва як биринҷӣ гардид.
Бино ба маълумоти Кумитаи милии олимпии Тоҷикистон, паҳлавони ҷавони тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тило мукофотонида шуд.
Варзишгари дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 55 кило дар даври аввал озод буд. Баъдан ӯ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гашт. Вале баъдан аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Гуфта мешавад, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайван байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок дошт.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар дар сабқати писарон намояндагӣ карданд. Натиҷаҳои ба даст овардаи чаҳор гуштигири дигари тоҷик – Ҷаҳонгир Маҷидов (вазни то 73 кг, ҷойи панҷум), Ҷамолиддин Абдуллоев (то 60 кг, ҷойи ҳафтум), Шоҳмансур Ёқубов (то 66 кг, ҷойи ҳафтум) ва Носирхӯҷа Зайниддинов (то 81 кг, ҷйи ҳафтум) – низ қобили таваҷҷӯҳ аст.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби 12 медал (6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 8 медал (3-1-4) ҷойи дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 8 медал (1-3-4) ҷойи севумро гирифтанд.
Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, як медали биринҷӣ, як ҷойи панҷум ва се ҷойи ҳафтум мақоми 9-умро соҳиб шуд.
Масъалаи сохтмони таваққуфгоҳҳо дар пойтахт ҳамоно норӯшан боқӣ мемонад
Ҷарима, сохтмони худсарона, заминҳои бесоҳиб ва мушкилоти пахтакорӣ. Натиҷаҳои сол дар Кумитаи замин
Коҳиши никоҳу талоқ, афзоиши хушунат ва издивоҷи бармаҳал. Дар нишасти Кумитаи кор бо занон чӣ гуфтанд?
“Толибон” бори дигар баргардонидани чархболҳои артиши собиқи Афғонистонро талаб карданд
Аз 15 то 200 сомонӣ. Дар намоиш-фурӯши китоб дар Душанбе 9 ҳазор китоб пешниҳоди харидорон гардид
Манъи содироти бензин аз Русия давом мекунад. Ин ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Ҳосили рекордӣ роҳи ҳал нест… Истеҳсол зиёд мешавад, аммо чаро Тоҷикистон аз маҳсулоти воридотӣ вобаста аст?
Фармони зиёд шудани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд
Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла кард, ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст
“Озодӣ“, “1 май”... то “Дӯстӣ”. Майдони асосии Душанбе чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста