Мунтахаби футболи кишвар ҳимоятгар Александр Хубер, зодаи шаҳри Хуҷандро ба ҳайаташ даъват кардааст. Ӯ таҷрибаи бозӣ дар яккачини ҷавонони Олмонро дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Александр Хубер дар дастаҳои “Айнтрахт Франкфурт”, ”Хоффенхайме”, “Айнтрахт”, “Гамбург” ва “Киккерс”-и Олмон бозӣ кардааст. Ин ҳимоятгари 32-сола аз соли 2011 то 2016 дар ҳайати “Франкфурт” ба майдон барома, ҳоло “агенти озод” аст.

Гуфта мешавад, Хубер таҷрибаи хуби бозӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Олмонро дорад. Соли 2005 дар Қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон, ки дар Ҳолланд доир шуд, иштирок кардааст.

Қарор аст, дар дидори мунтахаби Тоҷикистон бо Филиппин, ки дар доираи рақобати тахассусии Ҷоми Осиё-2019 баргузор мешавад, дар ҳайати яккачини Тоҷикистон ба майдон барояд. Ин дидор 13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.