Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи байнулмилалии “Чор миллат” дар Қатар, ки санаи 21 январ ба итмом расид, ғолиб шуд.

Дар ин мусобиқа, ки аз 15 то 21 январ доир гардид, мунтахабҳои футболи олимпии Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувейт ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо вуҷуди бартарияти зиёд дар вохӯрии охир, футболбозони тоҷик аз тими Кувейт бо ҳисоби 0 бар 1 шикаст хӯрданд. Дар бозии дигар тими Эрон мизбони мусобиқа – дастаи Қатарро бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон бо дарёфти 6 хол аз 9 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқаи “Чор миллат” дониста шуд. Дар ду даври аввал футболбозони тоҷик бар дастаҳои Эрон (2:1) ва Қатар (1:0) дастболо шуда буданд.

Зинаи дуюмро бо 6 имтиёз дастаи Эрон, зинаи сеюмро бо 3 имтиёз тими Қатар ва мақоми чорумро бо 3 имтиёз тими Кувейт ишғол намуданд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) ба мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 22 то 26 март дар Тошканд баргузор мешавад. Футболбозони мо дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) рақобат мекунанд.

Дар ин мусобиқа аз 44 дастаи мунтахаб ҳамагӣ 11 гурӯҳ ташкил шудааст. Мусобиқаи даври интихобӣ аз 22 то 26 марти соли оянда доир мегардад. Ғолибони гурӯҳҳо ва чор дастаи беҳтарини зинаи дуюми гурӯҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд. Мунтахаби Таиланд ба сифати мизбони мусобиқа сарфи назар аз натиҷаи даври интихобӣ дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.

Се дастаи беҳтарини мусобиқаи Чемпионат Осиё-2020 оид ба футбол байни ҷавонон ба Бозиҳои олимпии-2020 дар Токио роҳхат мегиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.