Дастаи футболи деҳаи Ҳосилоти ноҳияи Кӯшониён барандаи ҷоми мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид.
Тавре Парвиз Азимов, директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ” – и ноҳияи Кӯшониён ба “Азия-Плюс” хабар дод мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаёти солим байни деҳаҳои кишвар баргузор гардид.
“Мусобиқа ҳанӯз аз моҳи марти соли 2020 оғоз шуда, дар марҳилаи аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, марҳилаи дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва марҳилаи ниҳоӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд.
Дастаи деҳаи Ҳосилоти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар сатҳи ноҳия ва вилояти Хатлон ҷойи аввалро соҳиб шуда ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз 21 то 26 декабр дар шаҳри Душанбе идома кард. Дастаи Ҳосилот дар финал бо дастаи ноҳияи Нуробод ба майдон баромад ва бо ҳисоби 1:0 бозиро бурд. Бо ҳамин Ҳосилот барандаи мусобиқаи футбол байни деҳаҳои кишвар гардид”,- мегӯяд Парвиз Азимов.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ғолиби мусобиқа дастаи Ҳосилот ҷоми мусобиқа, ифтихорнома ва 10 ҳазор сомонӣ мукофот тақдим кард. Бояд гуфт, ки ҷойҳои дуюму сеюм дар ин мусобиқа насиби дастаи Нуробод ва ноҳияи Дарвоз гардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста