Дар шаҳри Доҳаи Қатар рӯзҳои 11-13 январ мусобиқаи ситораҳои ҷудои ҷаҳон (World Masters) баргузор мешавад.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин мусобиқа дар асоси даъватномаи Федератсияи байналмилалии ҷудо, тибқи радабандии ҷаҳонӣ 36 нафари беҳтарини ҳар категорияи вазнӣ иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ҷумҳурии моро дар мусобиқаи мазкур 3 нафар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (ҳар ду дар вазни -73кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ мекунанд. Дар радабандии ҷаҳонии ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 14-ум, Беҳрӯз Хоҷазода дар ҷои 17-уми вазни -73кг мавқеъ доранд. Темур Раҳимов бошад, дар вазни +100кг дар ҷои 30-юм қарор гирифтааст.
Тибқи маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо, дар мусобиқа иштироки 396 варзишгар (214 мард, 182 зан) аз 70 давлати дунё дар назар аст.
Шаҳри Доҳаи Қатар бори аввал мизбони мусобиқаи "World Masters" мегардад. Доҳа соли 2023 Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудоро хоҳад гузаронд.
Ёдрас мекунем, ки ҳар се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдоранд ва барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио талош мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.