Шаҳбоз Саидабуроров паҳлавони ҷудокорои тоҷик дар мусобиқоти ҷудои Tbilisi Grand Slam-2021 ё Тоскулоҳи бузурги Тифлис медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин сабқати бонуфузи риштаи ҷудо ду паҳлавони тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат карданд.

Бино ба иттилоиФедератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2021” 464 варзишгар (263 мард ва 211 зан) аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат дорад.

Шаҳбоз Саидабророви 21-сола, ки дар вазни то 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар ҷоизадори қаҳрамонии ҷаҳон-2019 аз Узбекистон Шарофиддин Лутфуллоев пирӯз шуд. Дар даври баъдӣ Каракизиди Савваи юнониро мағлуб кард. Вале дар чорякфинал аз намояндаи дигари Узбекистон – Комрон Нуруллоев шикаст хӯрд.

Паҳлавони тоҷик дар даври шонси муҷаддад бар Олег Вередибаи украинӣ дастболо шуд. Сипас барои ҷойи севум ва медали биринҷӣ бар рақиби 24-солаи пуртаҷрибааш Торнике Тсҷакадоеа (Ҳолланд) ғолиб омад.

Шаҳбоз Саидаброров дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021”, ки авоили моҳи март дар пойтахти Узбекистон баргузор шуд, дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро касб карда буд.

Комроншоҳи Устопириён (дар вазни то 90 кг) дар назар аст 28-уми март  ба рақобат оғоз кунад. Ӯ рақобатро аз даври дувум шуруъ мекунад, ки рақибаш ғолиби ҷуфти Абдураҳмон Диао (Сенегал) – Матиас Куусик (Эстония) мебошад.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ хоҳанд шуд. Барои мақоми аввал 1000 имтиёз, барои ҷойи дувум 700 имтиёз ва барои ҷойҳои севум 500 имтиёз дода мешавад.

Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дувум 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 1500-долларӣ супурда хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.