Рӯзи 4 апрел мавсими нави Соса-Cоla - Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олии ҷумҳурӣ оғоз гардида, то 6 апрел идома ёфт. Дар мавсими ҷашнии 30-юми чемпионат 10 даста иштирок мекунанд.

Чемпионати имсола бо вохӯрии дастаҳои футболи  «Файзканд» - КМВА ва “Хуҷанд” - “Душанбе” оғоз гардида, футболбозони Восеъ душанбегиҳоро бо ҳисоби 1:0  ва хуҷандиҳо дастаи “Душанбе”-ро бо ҳисоби 4:1 мағлуб карданд.

Рӯзи 5 апрел бозӣ байни дастаҳои “Эсхата” ва “Хатлон”мусовӣ - 1:1 анҷом ёфта, рӯзи дигар “Истаравшан” дар майдони худ дастаи “Равшан”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.

Ба ин тариқ, пас аз даври якум “Файзканд”, “Хуҷанд” ва “Истаравшан” 3 имтиёз касб карда, “Эсхата” ва “Хатлон” 1-имтиёзӣ доранд. КМВА, “Душанбе” ва “Равшан” ҳоло имтиёзе надоранд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба омодагӣ ва иштироки тими “Истиқлол”-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои КФО-2021 ҳамаи бозиҳои ин даста дар оғози мавсим ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда, пас аз бозгашти ҳайати даста аз Арабистони Саудӣ дар рӯзҳои эҳтиётӣ доир мегарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.