Аз шаш фиристодаи Тоҷикистон ба Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, то кунун шаш нафари онҳо шикаст хӯрданд. Чаҳор нафар дар давраҳои муқаддамотӣ ва як нафар дар даври сеюм.
Аз Тоҷикистон танҳо Темур Раҳимов боқӣ мондааст, ки рӯзи 12-уми июн дар вазни +100 кг вориди рақобат хоҳад шуд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон имсол аз 6-ум то 13-уми июн дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт ҷараён доранд ва имрӯз рӯзи панҷуми он ҷамъбаст мешавад.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон панҷ варзишгар - Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг), Акмал Муродов (- 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) намояндагӣ карданд.
Дар сабқати занон варзишгари тоҷик Шукрона Қарчиева дар вазни то 48 кило рақобат кард, ки аз намояндаи Ҷопон Вакана Кога дар даври аввал шикаст хӯрд.
Шаҳбоз Саидаброров намояндаи дигари Тоҷикистон дар вазни -66 низ дар рақобати аввалин аз Мурод Чопанови намояндаи Русия шикаст хӯрд. Акмал Муродов ҳам дар вазни -81, дар даври муқаддамотӣ озод буд, дар даври ду ба нокмоӣ дучор шуд. Ҳарифи ӯ намоняндаи Юнон Алексиос Нтанатсидис буд.
Дар рӯзи панҷуми рақобат, 10-уми июн ду паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90 кг вориди рақобат шуданд. Ҷаҳонгир Маҷидовро дар нахустин рақобат ҷудокори швейтсарӣ - Сирил Гроссклаус шикаст дод.
Комроншоҳ Устопириён ҷудокори хушноми тоҷик дар даври аввал бо рақибаш аз кишвари Габон Адама Далекс пирӯз шуд вадар даври дувум намояндаи Перу Юта Галарретаро аз сари роҳаш дур кард.
Дар даври сеюм Комроншоҳ аз дорандаи чор нишони тиллои Grand Slam, ҷудокори кишвари шветсия - Маркус Ниман шикаст хӯрд.
Бино ба иттилои вебсайти Федератсияи ҷаҳонии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ 706 варзишгар (415 мард ва 291 зан) аз 132 кишвари дунё ширкат мекугнанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ дар Будапешт бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи аввал 26 ҳазор евро (20800 евро - варзишгар ва 5200 евро - мураббӣ), барои ҷойи дуюм - 15 ҳазор евро (12000 евро - варзишгар ва 3000 евро - мураббӣ), барои ҷойи сеюм - 8 ҳазор евро (6400 евро - варзишгар ва 1600 евро - мураббӣ) муқаррар шудааст.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар сабқати дастаӣ низ ҷоизаҳои молӣ таъсис шудааст. Барои ҷойи аввал 90 ҳазор евро (72000 евро - варзишгарон ва 18000 евро - мураббиён), барои ҷойи дуюм - 60 ҳазор евро (48000 евро - варзишгарон ва 12000 евро - мураббиён), барои ҷойи сеюм - 25 ҳазор евро (20000 евро - варзишгарон ва 5000 евро - мураббиён) супурда мешавад.
Тоҷикистон аз сабқатҳои қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон то кунун як медали биринҷӣ дорад, ки Расул Боқиев дар 2007 дар Рио-де-Жанейрои Брозил дар вазни то 73 килограмм ба даст оварда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста