Бозиҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-19) дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021 дар Миср анҷом пазируфт.

Бозии чорякфиналии футболбозони ҷавони тоҷик бо соҳибони майдон ва яке аз пурқуваттарин тимҳо дар ин мусобиқа - мунтахаби Миср бо ҳисоби 0:3 ба охир расид.

Дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои араб-2021дар Миср футболбозони тоҷик ҳамагӣ 4 вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯриҳо бо дастаҳои Амороти Муттаҳидаи Араб (3:2) ва Ҷибути (5:0) мунтахаби Тоҷикистон ба пирӯзӣ ноил гардида, дар як бозӣ аз тими Мағриб (Марокаш) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.