Дар Душанбе аз рӯзи сеюми Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ натиҷагирӣ шуд. Ин мусобиқа то 30 март давом мекунад.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар ин мусобиқа 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок доранд.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа велосипедронҳои Қазоқистон, Ҷопон ва Муғулистон ғолиб шуданд.

Дар рӯзи аввал намояндагони Қазоқистон, Индонезия ва Муғулистон, дар рӯзи дуюм - варзишгарони Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб пирӯзӣ ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни ҷавонони синни то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд ҷараён дорад.

Велосипедронҳое, ки ба гирифтани зинаи аввал даст меёбанд, бо медали тилло ва ҷерси (матоъ) сарфароз гардонида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 26 март раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот бо президентҳои Федератсияи байналмилалии велосипедронӣ Давид Лаппартиен ва Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама ал Шафар масоили марбут ба ин чемпионатро баррасӣ кард.

Сурат: dushanbe.tj

Рустами Эмомалӣ ба меҳмонон барои макони ин чорабинӣ интихоб шудани шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон солҳои оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кӯҳӣ гузаронида шавад.

Дар ин робита, ҷонибҳо ба мувофиқа расида, зикр гардид, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ин чорабинии варзишӣ дар ояндаи наздик баргузор хоҳад гашт.

Қобили зикр аст, ки сарпарастони чемпионат «Tcell», «Al Shafar Group», “IM Group”, осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», “FIFTYFIVEGROUP” ва “Huawei”, сарпарастони техникӣ - “TezNet” ва “Asian Express”, шарикони расонаӣ - «Азия-Плюс» ва ТВ «Варзиш» мебошанд. Оби чемпионат - “Сиёма” аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.