Бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Боку 2022 «Baku Grand Slam 2022» хонаи 2 ҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор тақдим карда шуд.
Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, ҳамчунин ба Муллораҷаб Халифаев, намояндаи дигари Тоҷикистон барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, ҳар ду варзишгар узви яккачини дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, Темур Раҳимов дастпарвари Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин” ва Муллораҷаб Халифаев дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе мебошанд.
Қобили зикр аст, ки ин аввалин медали тиллои ҷудочиёни кишвар дар мусобиқоти Grand Slam мебошад.
Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии ҷудо – “Baku Grand Slam 2022” (4-6 ноябр) варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +100кг медали тилло ва Мулораҷаб Халифаев дар вазни -66кг медали нуқра ба даст оварданд.
Дар ҳисоби умумии даставӣ Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 нуқра миёни 61 давлати иштирокчӣ ҷои 6-умро ишғол намуд. Дар ҳисоби даставӣ миёни мардҳо бошад, пас аз Озарбойҷон дар ҷои дуюм мавқеъ гирифт.





Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста