Федератсияи байналмилалии ҷудо Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов, ду ҷудокори шинохтаи тоҷикро барои қайди нодурусти шаҳрвандӣ дар системаи ин федератсия, муҷозот ва тамоми холҳои бадастовардаи онҳоро бекор кардааст.
Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилои мазкурро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки дар робита ба ин масъала аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо мактуби расмӣ дарёфт карданд ва ҳоло дар пайи бартараф кардани он ҳастанд.
Манбаъи мо аз ин федератсия гуфт, ин ҷазо барои қайди душаҳрвандӣ дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо ба Муллораҷаб Халифаев ва Ҷаҳонгир Маҷидов дода шудааст.
“Муллораҷаб Халифаев, ки як муддат аз номи Русия баромад мекард, дар системаи Федератсияи байналмилалии ҷудо худро аз номи ин кишвар сабт кардааст. Баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва баъди нигаронии Русия ин федератсия ӯро муҷозот намуд”, - гуфтанд аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Аз ин ниҳод афзуданд, ки Ҷаҳонгир Маҷидов, низ бо чунин сабаб муҷозот гардид:
“Ӯ, ки чанд вақт аз номи Озорбойҷон баромад мекард, дар система аз номи ин кишвар қайд шудааст. Вале баъдан аз номи Тоҷикистон баромад кард ва ҳамин тариқ, дар система номаълум монд”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Манбаъи мо афзуд, инҷо танҳо хатои техникӣ дар системаи қайди Федератсияи байналмилалии ҷудо аст ва онҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ин масъаларо дар наздиктарин фурсат ҳал кунанд.
Бояд гуфт, ки чанде пештар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Муллораҷаб Халифаев барои сазовор гардидан ба ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи Тоскулоҳи бузурги “Baku Grand Slam 2022” 100 ҳазор сомонӣ тақдим карда буд.
Халифаев Муллораҷаб мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар зинаи 10-ум ҷой дорад. Мувофиқи радабандии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар зинаи 4-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, дар радабандии ҷаҳонии ҷудо дар маҷмӯъ 172 кишвар намояндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон дар раддабандии дар ҷои 41-ум қарор дорад.
Истеҳсоли доруворӣ аз маводи мухаддири мусодирашуда. Дар Тоҷикистон чунин шароит ҳаст?
Дар Дубай тоҷикистониеро ҷустуҷӯ доранд, ки миллион доллар бурд кард
Аз бегуноҳӣ то интизорӣ. Вазъи занон дар зиндонҳои Толибон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар сурма ҳаст?
Аз маъдану тилло то барқу пахта. ТОП-10 маҳсулоте, ки Тоҷикистон содирот мекунад
“Қувваҳои зидди давлат аз қазияи Кӯлоб истифода мебаранд”. Шарҳи прокурори минтақаи Кӯлоб
Барои баргузории 3 озмун дар Тоҷикистон беш аз 11 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Қирғизистон 42 донишҷӯи тоҷик боқӣ мондаанд. Вазорат омода аст, ки онҳоро баргардонад
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, далели шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро месанҷад
Футболбози тоҷик Салам Ашӯрмамадов бо бошгоҳи Португалия қарордод баст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста