Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ба медалҳои тиллои Чемпионати 31-уми футболи Тоҷикистон байи дастаҳои Лигаи олӣ соҳиб шуд. Медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионат насиби дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд шуданд.

Дар ин мавсим “Истиқлол” ҳамчунин бори 11-ум Суперҷоми футбол ва бори 9-ум Ҷоми футболи Тоҷикистонро ба даст овард.

Тавре ки ФФТ хабар медиҳад, дар мавсими оянда “Истиқлол дар даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ва дастаҳои “Равшан”-у Хуҷанд” дар Ҷоми КФО Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои Чемпионати Тоҷикистон-2022 дар гурӯҳи “Б” ду даста аз вилояти Суғд - “Истаравшан” ва “Равшан”-и Зафаробод лигаи олиро тарк карда, соли оянда дар лигаи якум бозӣ мекунанд.

Ғолиби Лигаи якум “Ҳосилот”-и Фархор ва дорандаи медаҳои нуқра - “Кӯктош” ҳуқуқи ҳунарнамоӣ дар Лигаи олии футболи кишварро пайдо карданд.

Ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов бо 16 тӯб дар мавсим нишондани беҳтарини Чемпионати футболи Тоҷикистон-2022 дониста шуд.

Маросими тақдими ҷоизаҳо ба даста
Сурат: fc-istiklol.tj

Ба футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки пеш аз муҳлат дар чемпионати Тоҷикистон-2022 пирӯзӣ ба даст оварданд, пас аз бозии даври 23-юми лигаи олӣ бо тими «Хуҷанд» (2:0) рӯзи 24 ноябр ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло тақдим карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.