Ҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва капитани мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров ҳунарнамоии минбаъдаи худро дар тими “Андиҷон”-и Ӯзбекистон давом медиҳад, хабар медиҳад дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол”.
Акнун ӯ дар мусобиқаи чемпионати Суперлигаи Ӯзбекистон бозӣ хоҳад кард.
Аҳтам Назаров аз соли 2013 дар бошгоҳи “Истиқлол” бозӣ карда, субҳи имрӯз ба қароргоҳи тими “Андиҷон” раҳсипор шуд.
Давраи тамрину омодагии футболбозони дастаи Андиҷон (шаҳри Андиҷон) дар шаҳри Анталияи Туркия ҷараён дорад. Дар ин ҷо ӯ бо ин тим қарордоди дусола ба имзо мерасонад.
Қаблан дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” Аҳтам Назаров изҳор дошта буд, ки дар бисёр бошгоҳҳо бозӣ карда, вале дар “Истиқлол” футболбози ҳақиқӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки чанде пеш боз як футболбози дигари тоҷик - нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ба ҳайати дастаи “Насаф”-и Қаршӣ (Ӯзбекистон) гузашта буд.
Дар мавсими нави футболи Суперлигаи Ӯзбекистон ӯ дар ҳайати ҳамин даста бозӣ мекунад. Қарордодаш то охири соли 2023 баста шудааст.