Ду размикори тоҷики ММА ба наздикӣ муҳориба баргузор мекунанд: Нурулло Алиев рақобати аввали худро дар UFC рӯзи 26 феврал ва Фаридун Одилов қувваозмоии дуюми худро дар Лигаи АСА рӯзи 9 март баргузор мекунанд.

Нурулло Алиев ( 7 ғалаба ва 0 бохт) рақобати аввали худро дар вазни сабуки UFC бо размикори таҷрибадори бразилиягӣ Рафаэл Алвес (20 ғалаба ва 10 бохт) баргузор мекунад.

Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд, пас аз иштирок дар лоиҳаи Dana White`s Contender Series бо промоушени пешрафтаи ММА қарордод ба имзо расонид. Алиев дар қувваозмоии ҳалкунанда ба амрикоӣ Ҷош Уик дастболо шуда, имкон пайдо намуд, ки ба UFC роҳ ёбад.

Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ

Алиев аз рақибаш 10 сол хурд аст. Рақибаш дар ду муҳорибаи охир ба шикаст дучор шуда, бохт аз Алиев метавонад ба қатъи қарордод бо UFC боис гардад.

Размикори дигари тоҷики ММА Фаридун Одилов бо лақаби “Терминатори тоҷик” дар мусобиқаи навбатии Лигаи АСА (Absolute Championship Akhmat) бо размикори Русия Виталий Немчинов дар вазни то 84 кг рақобат мекунад. Қувваозмоӣ дар доираи мусобиқаи АСА 153 дар Маскав доир гардида, размикорон дар даври чаҳорякниҳоии Гран-при дар вазни миёна қувваозмоӣ мекунанд.

Одилов 19 муҳориба гузаронида, 15 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ дорад. Нишондиҳандаҳои Немчинов чунинанд: 16 муҳориба - 13 ғалаба ва 3 бохт.

Фаридун Одилов
Сурат: шабакаҳои иҷтимоӣ

Ёдрас мекунем, ки варзишгари тоҷик бо ширкати промоутерии Absolute Championship Akhmat моҳи декабр қарордод баст. Мувофиқи шартҳои қарордод, дар доираи лига ӯ бояд 6 муҳориба гузаронад.

Дар муҳорибаи аввал Фаридун намояндаи Эрон Амир Нуриро дар раунди якум мағлуб кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.