Аввалин дар таърих Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни мунтахабҳои миллии футболи мардона аз 9 то 21 июни соли равон баргузор мешавад.
Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, 6 созмони аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкати худро дар чемпионати CAFA-2023 байни дастаҳои миллӣ тасдиқ карданд.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа тими миллии Русия низ ширкат хоҳад кард. Ҳамчунин Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ яке аз дастаҳои Осиёро барои ширкат дар мусобиқаи нав даъват мекунад.
Тибқи нақша пас аз натиҷаи қуръакашӣ 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим шуда, дар он бозиҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд.
“Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюми мусобиқа мубориза мебаранд”, - омадааст дар хабари Федератсияи футбол.
Тавре ки дар сомонаи sports.ru хабар дода мешавад, котиби матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев изҳор доштааст, ки бозиҳои чемпионат дар шаҳрҳои Тошканду Бишкек баргузор мешаванд.
Зикр мегардад, ки барои дастпарварони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ширкат дар чемпионати CAFA-2023 яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.