Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Кувейт шикаст хӯрда, силсилаи бозиҳои бидуни бохташ, ки иборат аз 7 вохӯрӣ буд, ба охир расид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии дӯстона байни дастаҳои Тоҷикистон ва Кувейт рӯзи 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад дар Ал-Кувейт доир гардида, бо ғалабаи соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт.

Дар ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ба нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки ягона тӯбро ба дарвозаи ҳарифон ворид созад.

1/3

Бозии дӯстонаи тими миллии мо дар рӯзҳои моҳи марти ФИФА баргузор шуд. Вохӯрии аввал рӯзи 25 март байни футболбозони тоҷик дар Абу-Даби бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) мусовӣ - 0:0 ба поён расид.

Дар марҳилаи минбаъда мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармурабии хорватӣ Петр Сегрт моҳи май ҷамъ омада, омодагиро ба аввалин дар таърих мусобиқаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 оғоз мекунад. Баргузории Чемпионати CAFA-2023 рӯзҳои аз 9 то 20 июн ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии 11-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аст. Дар 10 вохӯрӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар 5 бозӣ дастболо шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 3 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.