Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар назар аст, ки дар Бозиҳои XIX Осиё теъдоди рекордии варзишгарон иштирок кунанд.
Барои иштиок дар бозиҳо аз ҷониби 45 кумитаҳои милли олимпӣ - аъзои Шӯрои олимпии Осиё зиёда аз 12,5 ҳазор нафар варзишгарон ба қайд гирифта шудаанд.
Дар Бозиҳои пешини 18-уми Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанг (Индонезия) 11 ҳазору 300 нафар варзишгарон сабтином шуда буданд.
Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст. Қобили зикр аст, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба кибервазиш ва брейк-данс мусобиқаҳо гузаронида мешаванд.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханчжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир мегарданд.
Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу бояд аз 10 то 25 сентябри соли 2022 баргузор мешуданд. Аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон, қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин қарор аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё қабул шуд.
Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш - нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.