Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон сабаби қатъ шудани созишнома ва аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини озоди Тоҷикистон истеъфо додани Юсуф Абдусаломовро шарҳ дод.
Абдулло Раҳмонзода дирӯз, 9-уми август, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Федератсияи гӯштини Тоҷикистон Юсуф Абдусаломовро бо ду шарт ба кишвар даъват кард:
- Юсуф Абдусаломов бигзор пурра ба Тоҷикистон кӯчида ояд, сармураббии дастаи мунтахаби гӯштини озод таъйин шавад ва бидуни шарти овардани медали олимпӣ бо ин даста кор кунад;
- Юсуф Абдусаломов 4 варзишгари тоҷикро зери мураббигии худ бигирад, кафолати овардани як ё ду медали олимпиро диҳад ва дигар ба дастаи мунтахабу равиши кори он дахолат накунад.
Ба қавли Раҳмонзода, Федератсияи гӯштини Тоҷикистон барои ин кор ба паҳлавони тоҷик “маблағи зарурӣ ва талабкардаашро пурра медиҳад”.
Абдулло Раҳмонзода гуфт, “Юсуф Абдусаломов дар аввал шартҳоро қабул кард ва аз сӯи дигар шартҳои худро ҳам гузошт, мо қабул кардем ва созишномаро ба имзо расонидем. Аммо пас аз ду моҳ Абдусаломов созишномаро якҷониба қатъ кард ва аз Тоҷикистон рафт”.
“Ман фикр мекунам, вақте мо хостем, ки шартҳоро мушаххастар кунем, шояд ба ӯ ин писанд наомад. Аз рӯи шарту шароите, ки кишварҳои аврупоӣ бо Абдусаломов кор мекунад, Тоҷикистон он гуна имконият надорад ва қабул карда наметавонад”, - гуфт раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон.
Раҳмонзода афзуд, ки “нисбат ба Юсуф Абдусаломов беэҳтиромӣ нашудааст ва дар оянда ҳам намешавад, ақидаи озоди худаш аст, ки аз Тоҷикистон рафт, аммо ҳанӯз ҳам мо омодаи ҳамкорӣ бо ин паҳлавоне, ки барои Тоҷикистон медали олимпӣ овардааст, ҳастем”.
Назари Юсуф Абдусаломов ба ин иддаои раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҳоло маълум нест.
Гуфтан ба маврид аст, ки моҳи феврали сори равон дар шаҳри Душанбе байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва паҳлавони маъруфи тоҷик Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расида, ӯ ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод таъйин шуда буд, аммо пас аз ду моҳи фаъолият паҳлавон аз ин вазифа истеъфо дод.
Юсуф Абдусаломов пас аз истеъфояш дар як мусоҳиба омили аслии аз вазифа даст кашидани худро ба “набудани шароити ташкиливу молӣ” рабт дода, гуфт, “дар варзиш ҳеҷ чизи майда-чуйда нест, ҳамаи чиз ба натиҷа таъсир мерасонад”.
Маврид ба зикр аст, ки паҳлавони маъруф дар гузашта, барандаи медали нуқраи олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон буд ва ҳоло мураббӣ ва омӯзгори семинарҳои мураббии UWW аст.
Ёдовар мешавем, ки Юсуф Абдусаломов зодаи Доғистон буда, аз соли 2003 то 2013 узви дастаи гуштии озоди Тоҷикистон буд.
“Равшан” дар охирин бозии худ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 пирӯзӣ ба даст овард, аммо...
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста